ҶАШНИ САДА – РАМЗИ МИЛЛИИ МАРДУМИ КӮҲАНБУНЁД


ҶАШНИ САДА – РАМЗИ МИЛЛИИ МАРДУМИ КӮҲАНБУНЁД

Ба шарофати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор гардида истодааст. Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагӣ моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

         Роҷеъ ба ин дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ ин иди бостонӣ таҳти унвони “Ҷашни Сада – рамзи миллии мардуми кӯҳанбунёд” бо тантанаи хос таҷлил карда шуд. Дар ҳамоиш тамоми кормандон ва ординаторони клиникии кафедра иштирок намуданд. Вобаста ба ин иди ниёгон мудири кафедра н.и.т., дотсент Давронзода М.Д. аҳли нишастро табрик намуда, зикр намуд, ки мардуми тоҷик аз қабл барои гузаронидани чунин ҷашнвораҳо гирдиҳамоӣ мекарданд ва вақти худро бо хушнудию масрурӣ мегузарониданд. Илова бар ин, ба ҷавонони кафедра таъкид доштанд, ки бояд эшон нисбати чунин идҳои миллӣ эҳтироми хоса зоҳир намоянд.

 

      Кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ


08.01.2025 314

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php