ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ –ЗАМИНАИ РУШДИ СОҲАҲОИ ҲАЁТАН МУҲИМ


ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ –ЗАМИНАИ РУШДИ СОҲАҲОИ ҲАЁТАН МУҲИМ

Санаи 28-уми декабри соли 2024 дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқадорон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар мусоидат намуд.

Аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба — солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Баҳри иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушд бахшидан ба иқтисоди кишвар дар соли 2025 вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур шумурданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди “энергияи сабз” супориш доданд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомаллӣ Раҳмон вазъи соҳаи роҳу нақлиётро таҳлил намуда, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии онро яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар арзёбӣ намуданд.Таъкид гардид, ки бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.

Дар баробари ин, вазорату идораҳои марбута супориш гирифтанд, ки барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ намояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ ба вазорату идораҳои давлатӣ дастур доданд, ки тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созанд.

Зимни таҳлилу баррасии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар таъкид доштанд, ки соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба охир мерасад. Бино бар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон миннатдории худро изҳор доштанд. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон ба таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.

Зимни таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки — “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои олам омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор менамояд”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.

        Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

 

Ҷумаева Л.Ф.-ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2


08.01.2025 365

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php