ОҚИБАТИ НАШЪАМАНДӢ ШАРМСОРИСТ!


ОҚИБАТИ НАШЪАМАНДӢ ШАРМСОРИСТ!

Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо падидаи номатлубе ба миён омадааст, ки ҷомеа бояд дар мавриди он бетараф набошад. Ин падида зуҳур ва паҳншавии маводи мухаддир мебошад. Аз оинаи нилгун ва ё аз тариқи маҷаллаҳо зиёд мехонем ва он афродеро мушоҳида мекунем, ки ба ин бемории аср мубтало шудаанд ва бадбахтиҳои гӯшношунид мувоҷеҳ гардиданд.Шайх Саъди ба ин нуқта таъкид намудааст:

Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

      Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонида, ҳастию ҷонро низ асос надониста, шахсияти худро поймол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нести мерасонанд. Нашъмандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи мухаддир, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад. Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурӯхта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардӯш мегардонанд. Дар натиҷа, ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд.

      Бадбахтона, заноне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фурӯши ин маводи зиёновар даст мезананд. Қадру манзалати бузурги зан - модарро паст мезананд.

      Бояд донист, ки истеъмоли маводи мухаддир ба ҷисму рӯҳи инсон зарари зиёд дорад. Истеъмоли ҳамешагии ин мавод ҷисми инсонро дар муддати начандон дароз нотавон карда, саломатиро коҳиш медиҳад.Тадқиқоти олимони соҳа нишон додааст, ки мағзи сари шахси истеъмолкунандаи маводи мухаддир оҳиста-оҳиста карахт шуда, ақлаш низ ботадриҷ қобилияти кории худро аз даст медиҳад ва дар натиҷа ба фаромӯшхотирӣ оварда мерасонад. Ин гуна афрод як хатари бузурге барои генофонди миллат мебошанд, зеро аз мардону занони заифу заҳролуд (бо маводи мухаддиру нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку) ҳеҷ гоҳ фарзандони солим ба бор намеояд ва аз мағзҳои карахту шахшуда ҳеҷ навъи ихтироъ ва ё ҳеҷ шоҳасаре тавлид намегардад.

      Хулоса, номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рӯзе қурбони кучаи ишрат ва айши нопок гашта, рӯ ба нестӣ меорад ва пайвандони хешро шармсор мегардонад. Аминем, ки бо мурури айём нашъамандӣ чун офтоби қуллаи кӯҳе рӯзе рӯ ба ғуруб меояд ва гулҳои аз ин бӯстон сар ба авҷ кашида, пажмурдаву поймол мегарданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Ростиро ҳеҷ як бало нарасад,

Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.

 

Ш. М.Ҳамроева-

ассистенти кафедраи биохимия


08.01.2025 279

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php