ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК»
Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба дӯшаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулият барои таълиму тарбияи кудак дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак” 20-июни соли 2024 ки аз 7 боб ва 25 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст.
Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад».
“Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд.” Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ аллакай аз хурдсолии ӯ аз он лаҳзае оғоз меёбад ки ӯ аз чанд давраи эмкунӣ мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад. Баъд дар давоми наврасӣ ва ба воярасонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳмиятӣ зоҳир накунанд.
Махмадова П.Ш., Рахматжонова М.М -ассистенти кафедра анатомияи патологӣ