ҲАМОИШИ ТАРБИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ
Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Роҷеъ ба ин, дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни факултети стоматологӣ ҳамоиши омӯзишӣ-тарбиявӣ зери унвони “Биёед ба коррупсия не мегӯем!” баргузор карда шуд. Сараввал донишҷӯён вобаста ба мавзуъ маърӯзаҳои дақиқ манзур намуданд. Сипас, перомуни мавзуъ мудири кафедра н.и.т., дотсент Давронзода М.Д. маълумоти дақиқу муфассал ироа намуда, ҷавононро таъкид бар он доштанд, ки бояд зиракию заковатмандиро пешаи худ намуда, бо сифати баланд дониш андӯзанд, дар несту нобуд сохтани ин амали палиду фасод саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, ки дар ин кишвари биҳиштосо амалҳои коррупсионӣ рушду равнақ ёбад.
Кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ