АЗ ТУНДРАВӢ КИҲО МАНФИАТ МЕГИРАНД?
Замони ҳозира ин давраи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва ба ҳам бархурдани манфиатҳои давлатҳои абарқудрати дунё дар минтақаҳои гуногуни дунё мебошад. Ин ҳолат ба нооромии вазъи сиёсии давлатҳои дар минтақа чойдошта оварда мерасонад ва дар навбати худ сабаби пайдоиши ҳаргуна ҷараёнҳо, ташкилотҳо ва гурӯҳҳои тундрав, ба монанди терроризм, экстремизм, сепаратизм (ҷудоихоҳон) ва миллатчигӣ (национализм) шуда метавонад. Ин гурӯҳҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба мақсадҳои сиёсии худ ноил шудан мехоҳанд. Чунин нооромӣ ҳоло шимоли қитъаи Африка, Яман, Шарқи наздик, Афғонистон, Сурия ва Украинаро фаро гирифтааст. Мавҷи терроризм ҳатто ба давлатҳои пешрафтаи Аврупо паҳн гаштааст.
Терроризм (аз калимаи лотинӣ террор – маънояш даҳшат, тарс) - шахси алоҳида ва ё гурӯҳи одамоне мебошад, ки бо тариқи куштор, тарсондани одамон ҷомеъа ва давлатро ноором месозанд. Мақсади ниҳоии онҳо бо роҳи зӯрӣ ва ғайриқонунӣ ба сари давлат омадан мебошад. Барои ба мақсади нопоки худ ноил шудан онҳо аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонанд. Барои онҳо ҳаёти инсон қадру қиммате надорад, хоҳ вай кӯдак бошад, хоҳ зан ва ё одами дигар.
Экстремизм - равия ва ё гурӯҳи одамоне мебошанд, ки амалашон барои бо роҳи ғайриконститутсионӣ тағйир додани сохтори давлатӣ равона мебошад. Баъзан фаъолияти баъзе ҳизбҳои сиёсӣ характери экстремистиро мегиранд. Ин ҳолат дар ҷумҳурии мо низ рӯй дода буд. Собиқ Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ба тариқи зӯроварӣ мехост дар ҷумҳурии мо сохтори давлатиро тағйир дода, давлати исломиро барқарор намояд, ки он бадбахтиҳои зиёдеро ба сари мардуми мо овард.
Сепаратизм (ҷудоихоҳон) ин равияи гурӯҳи одамоне мебошанд, ки бо роҳи ғайриқонунӣ мехоҳанд як кисми давлатро ҷудо намуда, худро давлати мустаъқил эълон намоянд. Чунин ҳолат ҳоло дар вилояти Католонияи Испания рух дода истодааст.
Миллатчигӣ (национализм) ин равия ё гурӯҳи одамоне мебошанд, ки манфиати як миллатро нисбати миллатҳои дигари як давлат баланд мешуморанд. Дар давлатҳои сермиллат ин равия низ хеле хавфнок мебошад.
Бояд қайд кард, ки айни замон якчанд намудҳои терроризм, (беруна, дохила, иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, терроризми байналмилалӣ ва ғайра) мушоҳида карда мешавад. Хатарноктарини онҳо терроризми байналмилалӣ мебошад. Ба ин намуд гурӯҳи террористии “Ал-қоида”, “Бокуҳарам” ва “ДОИШ” дохил мешаванд. Ин гурӯҳҳои террористӣ бо ҳар роҳ ба сафҳои худ аз тамоми ҷаҳон ҷавонони фирефташударо ҷамъ намуда, шуури онҳоро вайрон мекунанд ва барои иҷроиши мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Мутаассифона, ифротгароён бештар барои иҷроиши мақсадҳои нопоки худ шиорҳои исломиро истифода намуда, дини мубини исломро доғдор менамоянд.
Солҳои 90-уми асри ХХ баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ Тоҷикистони мо низ ҳадафи найрангҳои давлаҳои абарқудрат гашта, ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Дар ин давра гурӯҳҳои террористӣ ва эстремистӣ, ки пуштибони онҳо ба ном Ҳизби назҳати ислом буд, дар ҷумҳуриамон хеле фаъол шуда, ба сохтори давлат ва мардуми мо зарарҳои бисьёр расонид. Зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди мо қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гаштааст. Бисьёр шахсиятҳои бузурги ҷумҳуриямонро ба қатл расониданд. Дар ин давра куштор ва гаравгонгирии одамон қариб ҳамарӯза мушоҳида карда мешуд. Онҳо мардуми моро ба минтақаҳо ҷудо карда, бо ҳар роҳ мехостанд дар ватани мо давлати исломиро барпо намоянд. Мардуми ҷумҳуриямон инро нағз дар ёд дорад. Холо ҳам ин гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар зери ҳимояи хоҷагони худ бар зидди давлати мо кор бурда истодааанд. Яке аз сабабҳои дар ҷангҳои Сурия иштирок ва курбон шудани як қатор ҷавонони мо маҳз ана ҳамин ташкилотҳои террористӣ мебошанд. Хушбахтона Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввал дар пеши худ барқарор намудани сулҳ, ягонагии миллат ва халқиятҳои ҷумҳурии азизи худро гузошта, дар ин самт ба натиҷаҳои баланд ноил гашт. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаи ӯ буд, ки мо дар фазои орому сулҳу субот зиндагонӣ мекунем. Ӯ доимо таъкид менамояд, ки террорист миллат, ватан ва дин надорад, мақсади вай фақат куштор ва ноором намудани вазъи ҷомеа мебошад. Ин гуфтаҳои Пешвои моро тамоми ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон пазируфтааст.
Азбаски ҷумҳурии мо бо давлати Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, хавфияти таъсири манфӣ ба ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Ҳоло ҳам баъзе ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳои ифротгароӣ гашта истодаанд. Зиёда аз 500 нафар ҷавонони мо дар Сурия гирифтори ин фирефтаҳо шуда, ҳалок шудаанд.
Барои ҳамин Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, якдилу якҷоя ваҳдати миллиро ҳифз намоем, пуштибони он бошем, фирефтаи ҳар гуна равияҳои ба мо бегона нашавем. Таъкидҳои Пешвои муаззами миллат дар ин давраи мураккаби замон барои мо ниҳоят муҳим ва аввалиндараҷа мебошанд. Ҷавонони мо бояд гуфтаҳои Пешворо сармашқи кори худ карда, фирефтаи ҳеҷ гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ нашаванд.
Мо, ки азобу даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ дидаем, бояд ватани худро дӯст дошта, маҳалчигиро азбайн бардорем, худро тоҷик ва тоҷикистонӣ шуморем. Дар атрофи Пешвои худ муттаҳид шуда, ягонагии миллат ва халқиятҳои Ватани азизамонро таъмин намоем. Мо бояд аз он фахрем, ки чунин давлати мустақил дорем, ватандор ҳастем. Ватани худро аз ҳар гуна равияҳои ба мо бегона ҳифз намуда, эҳтиёт намоем.
М.Қ.Гулзода-дотсенти кафедраи биохимия