ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ: ЛИБОС – ҶУЗЪИ ФАРҲАНГ
Санаи 3.01.2025 дар толори бинои МОМА-и Донишгоҳ семинари тарбиявӣ-омӯзиши таҳти унвони «Либос – ҷузъи фарҳанг» баргузор гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба тарбия н.и.т., дотсент Аҳрориён З.А. баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои пешбурди корҳои тарбиявӣ суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии амиқ дорад. Ба бахти миллати тоҷик зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо насли ҷавони Тоҷикистон дар руҳияи худшиносиву ватанпарварӣ ба воя расида истодаанд.
Сипас, раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳ н.и.с., дотсент Амонзода С.Б. дар мавзуи “Пӯшидани либос ҳам меъёр дорад” маърӯза ироа намуда, зикр кард, ки давоми солҳои дарози таърих миллати тоҷик тавонист, фарҳангу маданият, урфу одат, суннату анъана ва расму оин, бахусус либоси миллии тоҷиконаи худро нигоҳ дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо аст, моро зарур аст, ки либоси миллии худро ҳамчун баёнгари фарҳанги миллӣ эҳтиром, эҳтиёт ва таблиғ намоем. Аз ин хотир, ҳифзу гиромидошти он дар дасти худи мо аст, то ин ки тавонем, онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Бо назардошти ин, тибқи талаботи этикаи муосир имрӯз занону бонувони тоҷикро мебояд, дар корхонаву муассисаҳо либоси расмиро тибқи талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ ба бар намоянд.
Илова бар ин, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., дотсент Азимова М.М. баромад намуда, ҷанбаҳои фарҳанги миллӣ доштаи либоси миллии тоҷикӣ ва аҳамияти он дар гиромидошти таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик суханронӣ намуд.
Дар интиҳо сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа н.и.т., дотсент Абдураҳмонов З.В. баромад намуда, роҷеъ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат суханронӣ намуд.
Муовинати тарбия