ДАР ДОНИШГОҲ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 4.01.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикситон ба номи Абуалӣ ибни Сино Шурои ҳамоҳангсозии самти тарбия баргузор гардид, ки дар он аъзои Шуро аз шуъбаи тарбия, шуъбаи кор бо ҷавонон, Шурои занон ва духтарони Донишгоҳ, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, муовинои деканҳо оид ба тарбия ва мудирони хобгоҳҳои Донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст раиси Шурои ҳамоҳангсозӣ – муовини ректор оид ба тарбия, Аҳрориён З.А. баромад намуда, перомуни масоили пешбурди корҳои тарбиявии Донишгоҳ ибрози назар намуд. Ҳамчунин, аз рӯйи нақшаи фаъолияти Шуро ахбороти шуъбаи тарбия ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳову суҳбату вохӯриҳо бахшида ба ҷашнҳои давлатию миллӣ дар ҷамъбасти нимсолаи соли таҳсили 2024-2025 ба аъзои Шуро пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, раиси КИКД Сафаров Б.Б. роҷеъ ба масъалаҳои таъмин, будубоши донишҷӯён дар хобгоҳҳо ва оид ба вазъи шароити зисти донишҷӯёни ятими кулл, маъюбон ва донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда ва муовини декани факултетҳои Донишгоҳ иҷрои нақшаи корҳои ғоявӣ-тарбиявӣ дар факултетҳо ҳисоботу ахбороти хешро ба аъзои Шуро пешниҳод карданд.
Инчунин, мудирони хобгоҳҳои № 1 ва № 2 оид ба вазъи корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳи мавриди назар ҳисоботу ахбороти хешро пешниҳоди аъзои Шуро намуданд.
Дар идома аъзои Шуро масъалаҳои ҷориро ба миён гузошта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои тарбиявии Донишгоҳ суҳбат намуданд.
Гуфтан айни муддаост, ки баргузории Шурои ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти тарбиявии Донишгоҳ назаррас буда, ҳадафи он ҳамоҳанг намудани ҳамаи бахшҳои тарбиявии зерсохторҳои Донишгоҳ маҳсуб мегардад.
Шуъбаи тарбия