ПАЁМ-РАҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид. Дар ин Паём, ки яке аз муҳимтарин санадҳои солонаи стратегӣ мебошад, самтҳои асосии рушди Тоҷикистон дар соли 2025 ва давраҳои минбаъда муайян карда шудаанд. Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар соли 2024 ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ ноил гардид. Дар давоми сол суръати афзоиши маҳсулоти умумии дохилӣ (ММД), ки иқтисодиётро пешрафта нишон медиҳад. Аз ин сабаб, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, ҷойҳои корӣ ва даромади аҳолӣ афзоиш ёфтааст. Барои соли 2025 татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёт ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки давлат минбаъд низ таъмин намудани некӯҳолии мардумро дар авлавият нигоҳ медорад. Дар ин замина, маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ афзоиш хоҳад ёфт. Дар Паём аз оғози сохтмони мактабҳои нав, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуд. Дар шароити мураккаби геополитикӣ, таъмини амнияти миллӣ аз самтҳои асосии сиёсати давлат боқӣ мемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти таҳкими сарҳадот ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ишора намуд. Масъалаҳои экологӣ низ дар Паём мавқеи муҳим доштанд. Президенти кишвар бар зарурати татбиқи лоиҳаҳои экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таъкид намуд. Ҳадафи стратегӣ - таъмини рушди "сабз" ва устувор барои наслҳои оянда мебошад.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуд. Соли 2024 марҳилаи нави таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб мерафт. Президенти кишвар таъкид кард, ки пешрафти Тоҷикистон ба ҳамкории самараноки тамоми мардум ва сохторҳои давлатӣ вобаста аст. Ӯ даъват намуд, ки дар соли 2025 ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар муттаҳид бошанд. Паёми навбатӣ бо ҷалби таваҷҷӯҳи васеи ҷомеа ва таҳлилгарон ҳамчун як роҳнамои амиқи рушд ва устуворӣ қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба рушди фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти хосса дод. Ӯ таъкид намуд, ки эҳтиром ба мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат бояд дар сатҳи оила, мактаб ва ҷомеа ташвиқ карда шавад. Барои ин, нақшаҳои ҷиддӣ ҷиҳати тармим ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дастгирии олимону фарҳангиён ва нашри осори илмӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар Паём зикр гардид, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва дастгирии онҳо дар соҳаҳои гуногун афзалиятнок боқӣ мемонад. Соли 2025 барномаҳои махсус барои рушди маърифатнокӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ амалӣ хоҳанд шуд. Президенти кишвар ба ҷавонон муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиш, заҳмат ва ҳиссагузорӣ дар пешрафти кишвар даъват кард. Ташаббусҳои марбут ба васеъ намудани имкониятҳои таълимӣ ва касбомӯзӣ низ яке аз самтҳои муҳими Паём мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои дигар, ҳамеша ба нақши бузурги зан – модар дар ҷомеа таъкид менамоянд. Модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва тарбиятгари наслҳои оянда ситоиш карда, ба саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла маориф, илм, тиб, фарҳанг ва соҳибкорӣ, арҷ мегузоранд. Президенти мамлакат қайд мекунанд, ки дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дошта, мақому манзалати онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Имрӯз занону духтарон қисми муҳими соҳаҳои гуногуни касбиро дар кишвар ташкил
медиҳанд, аз ҷумла:
25% хизматчиёни давлатӣ;
73% кормандони соҳаи маориф;
71% кормандони соҳаи тиб;
47% кормандони соҳаи фарҳанг;
37% олимон;
30% соҳибкорон.
Ҳамчунин, Президенти кишвар ба нақши модар дар тарбияи фарзандон, махсусан дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ, таъкид менамоянд. Онҳо модарро аввалин устод ва роҳнамои фарзанд мешуморанд, ки бо меҳру муҳаббати худ насли ояндасозро ба камол мерасонад.
Дар суханрониҳои худ, Президенти мамлакат ба эҳтироми падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо ҳамчун қарзи фарзандӣ таъкид намуда, модарро ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мешуморанд, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад ва ӯро тарбия мекунад. Ҳамин тариқ, дар паёмҳо ва суханрониҳои худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши зан – модар дар ҷомеа, тарбияи фарзандон ва эҳтироми падару модар аҳамияти хос дода, онҳоро ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа ва давлат мешуморанд. Дар суханрониҳои худ, Президенти мамлакат ба эҳтироми падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо ҳамчун қарзи фарзандӣ таъкид намуда, модарро ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мешуморанд, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад ва ӯро тарбия мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори як қатор иқдомҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим мебошад, дар Паёмаш бори дигар ба аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ишора кард. Ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сарчашмаи захираҳои обии минтақа омода аст, ки дар ҳалли мушкилоти глобалии об нақши фаъол дошта бошад.
Дар анҷоми Паём, Президенти Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимият супоришҳои мушаххас дод. Ӯ зарурати иҷрои дақиқи қонунҳо, шаффофият дар фаъолияти идораҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷиро қайд кард. Ҳамзамон, фаъолияти назоратӣ аз болои иҷрои барномаҳои давлатӣ тақвият дода мешавад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол ироа мегардад, на танҳо як ҳуҷҷати стратегӣ, балки роҳнамои фаъолият барои тамоми ҷомеа мебошад. Паёми соли 2024 бо муқаррар кардани ҳадафҳои нав, ки ба рушди устувор, таъмини амният ва некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд, нишон дод, ки давлат барои пешрафти минбаъда тамоми имкониятҳоро фароҳам меорад.
Ин Паём як бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои иқтидори бузург барои рушди фарогир ва устувор таъкид намуд.
Асомова У. И. -омӯзгори калони кафедраи забони лотинӣ