ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Паёми навбати Пешвои муаззами миллат чун дигар паёмҳояшон саршор аз ифтихори ватандорӣ буда, пайки неки ояндаи мардуми тоҷик аст.
Мо омӯзгорони саодатманди диёр, чашандаи шаҳди даврони истиқлол аз муҳаббату самимияти беандозаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон - Тоҷикистони маҳбуб то абад боқӣ мемонем. Аз ғамхориву дастгириҳои навбатии Президенти мамлакат миннатдорем ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро гузорем.
Мусаллам аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат ба соҳаи маориф диққати махсус дода, дар ин замина дар саросари кишвар биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ, толорҳои замонавии варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд, ки гувоҳи ин ғамхориҳо мебошад. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои инкишофи озодонаи омӯзгорон ҳамаи шароитҳоро муҳайё сохтааст. Вақеан, имрўз мо омӯзгорон имкониятҳои васеъ дорем, ки забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро аз худ намоем ва фаъолияти самараноки илмиву эҷодии худро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пеш барем.
Мо омӯзгоронро лозим аст, ки дар интихоби касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати некбинонаю дурбинона ба сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоят дарёфти мавқеи устувори шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ин масъалаҳои муҳим ба мафкураи ҷомеа, махсусан, мафкураи насли ҷавон таъсири мусбат мегузорад. Албатта, пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Зеро ҷавонон нерӯи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб меёбанд.
Иқдоми хеле наҷиби Сарвари давлат ин баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат” мебошанд, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) такони ҷиддӣ мебахшанд.
Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо ба шароитҳои душвори ҳаёту рӯзгори худ нигоҳ накарда, илм меомўхтаанду касберо аз бар мекарданд. Онҳо ҳеч гоҳ ба мисли мо чунин имконияти васеи илмомӯзӣ надоштанд. Дар чунин шароите, ки давлату Ҳукумат барои ҷавонони мо муҳайё намудааст, илм наомӯхтану пешаеро аз худ накунанд, ношукрӣ ба ин ғамхориҳо мегардад.
Замонае фаро расидааст, ки доир ба ҳар як соҳаи илм китобхонаҳо бунёд гардидаанд ва роҷеъ ба ҳар як масъала ва саволҳо китобҳо ба нашр мерасанду ҷавонон метавонанд талаботи худро қонеъ гардонанд. Бинобар ин, махсусан ҷавононро зарур аст, ки бештар омӯзанду амал намоянд ва роҳи китобхона ва интихоби адабиётро дониста бошанд. Чунки роҳе, ки моро сӯи андешаи неку олами рӯҳӣ ва ғоявию ахлоқӣ ҳидоят месозад, ин мутолиаи китоб аст.
Истамова З. Ҳ. - омӯзгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ