ҶАШНИ САДА-МУЖДАИ БАҲОР
Иди Сада ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз дар “Наврӯзнома” –Умари Хайём ба тарзи зайл омадааст: “Афридун ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро гирифт Ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳд дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд”.
Номи Ҷашни Сада аз рақами сад (100) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ дар шаклҳои сат ва сатак омада, онро Абӯрайҳони Берунӣ дар “Ат –тафҳим” сабаби Сада номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯзро яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар “Осор-ул боқия” чунин омадааст: “Эрониён пас аз он, ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт яъне ҳангоми ҷашни Сада мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо охири зимистони бузурго рӯзи даҳуми моҳи Баҳман меҳисобиданд ва ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд”.
Баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар Тоҷикистон бо ибтикор ва сайъю кӯшиши шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар сатҳи давлатӣ қарор гирифт.
Ба истиқболи ҷашни мазкур дар кафедраи физикаи тиббӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуда, атрофи ҷашни мазкур шеърҳоро қироат намуданд.