ДАСТОВАРДИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ ВА ЗАҲРШИНОСИИ МДТ «ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО» ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
Устодон ва ҳайати омӯзгорони факултети фарматсевтии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» аз шароиту имкониятҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» барои коллективи донишҷӯён ва кулли муҳасилони Донишгоҳ омодаву муҳаё намудааст, ба таври мақсаднок ва муваффақона дар кору фаъолияти ҳамаррӯзаи хеш мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо дар назардошти чунин шароит ва имкониятҳои хуби таълим донишҷуён ва ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи мо ҳамеша саъю кӯшиш ва талош меварзанд, ки дар ҷодаи илму маърифат, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ихтирооту кашфиётҳои илмӣ дар арсаи илми тибби байналмиллалӣ пешсаф ва муваффақ бошанд. Натиҷаи чунин саъю талошҳо ҳамин буд, ки дар арсаи байналмиллалӣ ҳайати донишҷӯёну устодони Донишгоҳи тиббӣ хамасола бо дастовардҳои илмии хеш обрӯ ва эътибори Донишгоҳро боз ҳам баланд мебардоранд.
Донишҷӯёни Донишгоҳи мо аз шароиту имкониятҳое, ки Сарвари давлат муҳаё намудаанд, ҳамаҷониба истифода намуда, дар конфронсҳо ва симпозиумҳои сатҳи байналмиллалӣ гузоришҳо ва маърӯзаҳои илмӣ намуда, дастовардҳои илмии тиббии тоҷиконро ба кулли ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки шоистаи таҳсин ва дастгирӣ мебошад. Бо ҳамин маънӣ иштироки донишҷӯёни факултети фарматсевтии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар конфронсҳои сатҳи байналмиллалӣ бо олимону донишмандони ватаниву хориҷӣ ва ҷойҳои намоёнро ишғол намудани онҳо далели ин гуфтаҳо ба шумор меравад.
Ҳомии таҳсин ва боиси зикр аст, ки устодони Донишгоҳи мо аз қобили Наврӯззода Ганҷина Фурқат, профессори кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» Бобизода Ғ.М. дар лоиҳаи байналмиллалӣ зери унвони «Беҳтарин муҳаққиқи Иттиҳоди Давлатҳои мустақим», ки 15-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи як ва нишони сарисинагии «Беҳтарин муҳаққиқи Иттиҳоди Давлатҳои мустақим» гардиданд.
Ҳамин нуқтаро низ бояд қайд намоем, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат байни кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», Донишгоҳии давлатии тиббии Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва Донишгоҳи тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Оспанова мубодилаи академии кормандону мутахассисон ба роҳ монда шудааст.
Бо назардошти робитаҳои илмиву фарҳанги байни Донишгоҳҳои мазкур мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» Наврӯззода Ганҷина Фурқат ва ассистенти кафедраи мазкур Холов Муродалӣ Шакаралиевич моҳи декабри соли 2024 ба Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд сафари илмӣ намуда, дар ҳаҷми 36 соат ба донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми факултети фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд аз фанҳои химияи органикӣ ва фарматсевтӣ дарсҳои лексионӣ баргузор намудаанд, ки ин ба мустаҳкамшавии муносибатҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии бародари Узбекистон мусоидат менамояд.
Санаи 13-14 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, 5-умин олимпиадаи байналмилалии “Самарканд-2020” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ (ба таври онлайн ва офлайн) баргузор гардид.
Тибқи гузориши Донишгоҳи мазкур, дар 5-умин олимпиадаи байналмилалии “Самарқанд-2020” беш аз 4000 иштирокчӣ аз 50 давлати ҷаҳон ва 152 муассисаҳои олии тиббӣ иштирок доштанд, ки дар он 3 - нафар донишҷӯёни факултети фарматсевтии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» иштирок намуданд. Донишҷӯёни зерин дар олимпиада сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
1. Юнусов Асомиддин Исломиддинович донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 4-ум, аз фанни химияи фарматсевтӣ сазовори ҷойи якум ;
2. Давлатова Фариза Улмасҷоновна донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 4-ум, аз фанни химияи органикӣ сазовори ҷойи якум;
3. Аҳсани Хейрабади Фотимаи Ҷалол донишҷӯи курси сеюм гурӯҳи 3-юм, аз фанни химияи заҳршиносӣ сазовори ҷойи дуюм;
Садорати факултети фарматсевтии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» шогирдон ва роҳбаронашон дар шахсияти мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», номзади илмҳои фарматсевтӣ Наврӯззода Ганҷина Фурқат ва ассистенти кафедра, Холов Сафаралӣ Шакаралиевичро ба ин дастоварди арзишманд табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон муваффақияту пешравиҳоро таманно намуданд.