МАСТЕР-КЛАСС ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ
Санаи 17-уми декабри соли 2024 ба кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ муоивини директори донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Санкт Петербург оид ба фаъолияти инноватсионӣ д.и.т., профессор Кузавков В.Е. ташриф оварданд. Дар доираи сафар ҷарроҳии муосири имплантатсияи кохлеарӣ дар беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодии гӯши дохила гузаронида шуд. Дар рафти ҷарроҳӣ кормандони клиника ва кафедра, инчунин ординаторону интернаҳои клиникӣ иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки ёвари профессор дар раванди ҷарроҳӣ ассистенти кафедра н.и.т. Махамадиев А.А буда, то ба анҷомрасии ҷарроҳӣ ба ҷарроҳи асосӣ кӯмак расониданд. Кузавков В.Е. аз аввал то охири ҷарроҳӣ ба ҳозирин дар бораи рафти ҷарроҳӣ қадам ба қадам маълумоти муфассал доданд.
Бояд қайд намуд, ки робитаи кафедра бо мутахассисони варзидаи хориҷи кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Алакай дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас низ нил гашта, доир ба дастовардҳои муосиру замонавии ҷарроҳӣ, аз ҷумла инплантатсияи кохлеарӣ ва дурнамои он дар Ҷумҳурурии Тоҷикистон мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА нашр шудааст.
Мудири кафедра н.и.т., дотсент Давронзода М.Д. бо профессор Кузавков В.Е. сӯҳбат намуда, оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти илм ва муолиҷа байни МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Санкт Петербург ибрози назар намуданд.