ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ


ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Санаи 17.12.2024 донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар қатори дигар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои кишвар дар барномаи телевизионии «Пайки сафед»-и телевизиони «Тоҷикистон», ки бахшида ба Соли нави милодӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Дар барнома донишҷӯёне, ки дар ҷараёни таҳсил натиҷаи арзанда нишон дода, дар озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаву бо эҷодиёту ихтироот дар соҳаи адабиёт ва илму техника натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардаанд, иштирок намуданд. Ҳамзамон, донишҷӯёни хориҷие, ки аз кишварҳои мухталиф дар Донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар барнома иштирок намуда, таассуроти хешро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса пойтахти он – шаҳри Душанбеи гулбадомон ва мардуми меҳмоннавози мамлакат иброз доштанд. Дар рафти ин, донишҷӯёни кишвари афсонавии Ҳиндустон суруду оҳангҳои тоҷикнонаро бо лаҳни тоҷикӣ замзама намуда, ин барномаро ҷолибтару рангинтар намуданд.

Шуъбаи тарбия


20.12.2024 45

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php