МАСЪАЛАҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҶАҲОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТӢ
Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир рӯз то рӯз пешгӯинашаванда шуда истодааст. Сиёсати духӯраи абарқудратҳои решаи терроризму экстремизмро торафт мустаҳкам намуда истодааст. Дар натиҷаи манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо давлатҳои рӯ ба инкишоф бештар зарар мебинанд, ки ба амнияти ҷомеаи онҳо таъсири ҷиддӣ расонида мешавад. Бахусус дар чунин шароити мураккаб истиқлоли давлатии кишварҳои ҷаҳон ва минтақа халалдор гардида, бархурди тамаддунҳо ваа ҷаҳонишавӣ ба таназзули таъриху фарҳанг оварда мерасонад.
Дар чуин шароити ҳассос ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифа ва масъулияти ҳар як сокини худогоҳи кишвари мо мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон қадимтарин маскунони Осиёи Марказӣ буда дар тамаддуни умумибашарӣ нақши арзанда гузоштаанд.
Ба хотири пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, дар байни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд. Давоми ҳафта раиси Шӯрои занону духтарони Донишгоҳ, номзади имлҳои сиёсӣ Амонзода С. Б. бо донишҷӯёни факултетҳо вохӯриҳои судманд доир намуда, атрофи вазъи печидаи ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирии тамоюли бегонапарстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат сӯҳбатҳои муфид мегузаронад. Корбарӣ дар ин самт идома дода мешавад.