ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁН ДАР КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ ДАРУНИИ № 3
Санаи 20-ми декабри соли 2024 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 конфронси ҷамъияти илмии донишҷуён бо иштироки кормандони кафедра, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Дар он донишҷӯи курси 6 факултети тиббӣ Жангиров Абдурасул бо маърӯза дар мавзӯи “Частота проявлений энтеропатий при почечной недостаточности”, донишҷӯи курси 6 факултети тиббӣ Ҷураев Муҳаммад бо маърӯза дар мавзӯи “Интерпретация гемограммы” баромад намуданд.
Маҳфили илмии ҷавонони кафедра дар муҳити илмӣ-амалӣ бо баҳсу мунозира ва саволу ҷавобҳои пурмазмун анҷом ёфт.
Кафедраи бемориҳои дарунии №3