ДАРСИ ИНТЕРАКТИВӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ ЛОТИНӢ ДАР БАЙНИ ГУРӮҲҲО: ИМКОНИЯТҲО ВА МАНФИАТҲО


ДАРСИ ИНТЕРАКТИВӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ ЛОТИНӢ ДАР БАЙНИ ГУРӮҲҲО: ИМКОНИЯТҲО ВА МАНФИАТҲО

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ, тибқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот “Кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор” ба роҳ монда шудааст.

Дар таълим ва омӯзиш, муносибат ба усулҳои гуногуни дарсӣ ва истифодаи усулҳои муосир на танҳо муҳити таълимиро ҷолиб мекунад, балки имконият медиҳад, ки шогирдон дарк ва шиносоии амиқтаре пайдо кунанд. Омӯзиши забони лотинӣ ба як қатор асоси илмӣ ва фарҳангии аҳамияти калон дорад, ки барои донишҷӯён ва муаллимон дорои манфиатҳои зиёде мебошад. Як роҳ ва усули муассир барои омӯзиши забони лотинӣ ин истифодаи дарсҳои интерактивӣ байни гурӯҳҳо мебошад.

Ҳафтаи сипаришуда дар кафедраи забони лотинӣ дар байни гурӯҳҳо дарсҳои интерактивӣ аз тарафи омӯзгори калони кафедра Муродова М.Қ. гузаронида шуд. Бо истифода аз гурӯҳҳо дар дарсҳои интерактивӣ, шогирдон метавонанд дар озмунҳо ва бозиҳо бо ҳам рақобат кунанд.

Дар чунин муҳити ҳамкории гурӯҳӣ, шогирдон тавонистан саволҳои муҳимро бо ёрии ҳамдигар муҳокима карда, ба дурустии грамматика ва таҳлили ибораҳо дар забони лотинӣ диққати ҷиддӣ дода, қоидаҳои забонро беҳтар аҳамият доданд.

Дарсҳои интерактивии забони лотинӣ дар байни гурӯҳҳо на танҳо омӯзишро ҷолиб ва шавқовар мекунанд, балки ба шогирдон имконият медиҳанд, ки дар муҳити ҳамкории гурӯҳӣ бо ҳамдигар кӯмак кунанд ва аз якдигар биомӯзанд.

КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ЛОТИНӢ


18.12.2024 97

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php