«ШОҲНОМА» ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Ба бахти миллати мо дар ҳар як давру замон нобиғаҳое ба майдони адабиву сиёсӣ, инчунин, фарҳангиву иҷтимоӣ ворид гардидаанд, ки аз ҳастии халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик шаҳодат дода, дар алам афрохтану шуълавар гардидани ҳастиву ҳувияти миллат саҳми босазо гузоштаанд. Маҳз, шоҳкориҳои абармардоне дар соҳаи илму адабиёт чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Форобиву Хайёму Низомулмулк, Насриддини Тӯсӣ (мулаққаб ба Хоҷ Насир), Саноиву Аттору Мавлоно ва ҳазорон нобиғагони дигар, ки барои роҳи имрӯзиёну ояндагони на танҳо халқи тоҷик, балки мардуми сайёра ҳамчун машъали тобон нурафшонӣ карда истодаанд, аз таърихи рангини тоҷикони ҷаҳон дар касби илму дониш ҳамчун бурҳони қотеъ шаҳодат медиҳанд.
Яке аз бузургтарин суханварон ва чакомасароёни мумтоз дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, ки дар бедории фикрии мардуми эронинажод гомҳои усувор ниҳодааст, бидуни шак, Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб мегардад. Ӯ гӯяндаи номитарин ҳамосаи миллии мардумони Ориëӣ (ҳинду-эронӣ) – “Шоҳнома” буда, бино ба маълумотҳои таърихӣ онро солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад, ба шумурда мешавад. Ин асар ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи фарогирии мавзуъҳо тақрибан ҷаҳор баробари Илиëдо ва Ҳодисиë-и Ҳомери юнонӣ мебошад.
Боиси таассуфи зиёд аст, ки муаллифи ин шоҳасари безавол бо вуҷуди он ки умри худро сарфи таълифи «Шоҳнома» карда бошад ҳам, дар айни пиронсолӣ аз пайи туҳмати бадхоҳон гуреза гардида, ба хориву зорӣ умр ба сар бурдааст. Вале, хушбахтона, мероси аз худ боқӣ гузоштааш номи ӯро абадзинда гардонидааст. Ҳамчунон, ки Аллома Иқбол ишора дорад:
Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,
Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
Рахт боз аз нестӣ берун кашид,
Чун гул аз хоки мазори худ дамид.
Дар воқеъ, Ҳаким Фирдавсӣ номи хешро дар дили аҳли хирад бо офаридани «Шоҳнома» ҷовидона намуд. Он сон, ки худи шоир баён доштааст:
Яке бандагӣ кардам, эй шаҳрёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пайафкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Аз ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.
Мутаассифона, дар гузашта бадхоҳону нотавонбинон ва ҳасудони Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ ба бадкунии Фирдавсӣ дар ҳузури Султон Маҳмуди Ғазнавӣ пардохта, ӯро овораву дар ба дар намуда, бо ин қонеъ нагардида, халқро бар он водор менамуданд, ки “Шоҳнома”-ро нахонанд. Ҳатто аз рӯйи гуфтаҳои муаллифи “Шеър-ул-Аҷам” бо супориши Султон Маҳмуд шоирони дарбори ӯ «Маҳмуднома», «Тоҷ-ул-футуҳ», «Давлатнома» ном асарҳоеро таълиф намудаанд, ки диққати мардумро аз “Шоҳнома” дур намоянд. Муаллифи “Умарнома” дар муқаддимаи асараш чунин иброз медорад, ки азбаски мардум рӯ ба “Шоҳнома” наоранд, мо ба таълифи ин асар пардохтем. Яъне ин бар он маънӣ аст, ки “Умарнома” бар зидди “Шоҳнома” иншо гардидааст. Хушбахтона, бар хилофи ин, “Шоҳнома”, ки худ фарогирандаи руҳи миллӣ аст, ба ҳадде миёни мардум роиҷ гардид, ки ҳамаи мардум дар кучаву бозорҳо, шабнишиниҳо ва ҳатто мардони майдони ҳарбу набард низ аз забонашон шоҳбайтҳои “Шоҳнома” танинандоз будаву боис бар зафарёбиҳо гардидааст.
«Шоҳнома», ки худ асари қаҳрамониву паҳлавонист, инчунин, дар худ панду андарз дар роҳи худшинсии миллӣ ва ватандориву ватандӯстиро фаро гирифтааст, ки тӯли 1000 сол дар тарбияи сиёсиву маърифатӣ, хештаншиносию худогоҳиии миллӣ, ахлоқиву гуманистии халқҳои олам, ба хусус тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи хосаи худро дорост.
Бояд гуфт, ки дар «Шоҳнома» худшиносиии милливу оини ватандорӣ ва муҳаббат бар он беш аз ҳама талқин гардида, яке аз ғояҳои аслии асарро, маҳз, ҳамин нукта ташкил додааст. Фирдавсӣ дар қисмате аз ҳар достонҳо зимни намоиш додани қаҳрамонон, ҳодиса ва ё воқеае, ки марбут ба ин нукта аст, ба панду андарз гузашта, оини ватандӯстиро ба дили хонандаи худ меандозад.
Ҳамчунин, дар размгоҳ – майдони ҳарб ин нукта сароҳатан баён ёфтааст. Муаллиф қаҳрамонони хешро тарзе ба риштаи тасвир кашидааст, ки барои ҳимояи як порча хоки муқаддаси Ватан ҷонбозиҳо намуда, дар ин роҳ авалияти Ватанро аз ҳамаи арзишҳо боло медонанд. Дар ҳамин ҷо бояд иброз дошт, ки қаҳрамонию паҳлавониҳое, ки дар майдони ҷанг тасвир шудааст, он фақат ва фақат нишон аз ҳуввияти миллии мардумони ориёнижаод буда, барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва гиромидошти он аст, на барои ғасбу куштор ва таҷовузи ватани дигар халқҳои олам.
Фирдавсии Тӯсӣ дар асари худ ҷанбаи дигари худшиносии милливу ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои онро дар донишу хирад мебинад. Маҳз, донишу хирад аст, ки башарият барои худ зиндагии шоистаеро созмон додааст. Муаллифи “Шоҳнома” роҷеъ ба ин масъала аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар қисмати муқаддимаи асараш “Гуфтор андар ситоиши хирад”-ро ҷой додааст, ки мақом ва ҷойгоҳи хирадро тасвирофаринӣ намудааст. Ӯ иброз медорад, ки обрӯйи инсон аз дониш аст. Аз ин хотир, рӯ овардан ба ин нуктаро талқин намуда, бар хилофи ин, бедониширо зери тозиёнаи танқид мегирад:
Ба дониш бувад мардро обрӯй,
Ба бедонишӣ то тавонӣ мапӯй.
Рустам, ки қаҳрамони марказии “Шоҳнома”асту ҳамчун паҳлавони пилтан ва таҳамтан ёд мешавад, он дар тасвири муаллиф на танҳо намунаи барҷастаи инсони тавонову қудратманд, ҷасуру далер, шуҷоу бебок ва паҳлавону ҷанговари беназир, балки ҳамчун шахсияти бо донишу хирад тасвир ёфтааст. Муҳимтарин сабаби зафарёбии Рустамро ҳам Фирдавсӣ аз дониши ӯ марбут медонад. Масалан, Фирдавсӣ дар оғози достони Комуси Кашонӣ аз Рустам ёд мекунад ва дониши ӯро мавриди тавсиф қарор медиҳад:
Шигифтӣ ба гетӣ зи Рустам басест,
К-аз ӯ достон дар дили ҳар касест.
Ба хушкӣ чу Нилу ба дарё, наҳанг,
Хирадманду бедордил марди чанг.
Сари мояи мардиву чанг аз ӯст,
Хирадмандиву донишу санг аз ӯст...
Инчунин, шоир донишу хирадро барои шоҳон муҳмтар арзёбӣ мекунад. Зеро мулк аз рӯйи дониш идора карда мешавад, на аз рӯйи симу зари фаровон.
Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостор,
Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.
Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хирад ҷавҳари ватандориро ташкил медиҳад, зеро хирад аст, ки арзишҳои муҳими миллӣ ҳимоя карда мешавад.
Паҳлуҳои дигари худшиносиву ватандӯстии “Шоҳнома” ин аст, ки таъриху фарҳанги миллат ва расму оини миллиро ба ҷаҳониён ошно намуда, халқи тоҷикро ба эҳтирому арҷгузорӣ намудан нисбати суннатҳои миллии аҷдодон талқин менамояд. Дар достонҳои мухталифи асар роҷеъ ба ҷашнгирии Наврӯз, Меҳргону Тиргон ва Сада маълумот манзур гардидааст, ки ин ҷашнҳоро ба хонанда муаррифӣ намуда, ҳамзамон, аз соҳибфарҳангии халқи тамаддунофари тоҷик шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тариқ, “Шоҳнома” бузургтарин асари ҳамосавӣ аст, ки дар тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон нақши бориз гузошта, он зиндакунандаи руҳи миллӣ будаву хоҳад монд.
Хушрӯз Рабиқов,
мутахассиси шуъбаи тарбия