ҲАФТАИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ҲАМГИРОИИ ФАРҲАНГ, ИЛМ ВА МАОРИФ


ҲАФТАИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ҲАМГИРОИИ ФАРҲАНГ, ИЛМ ВА МАОРИФ

Аз 8 то 14 декабри соли 2024, дар доираи барномаи «Забони русӣ дар Тоҷикистон»- ҳафтаи забони русӣ бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) баргузор гардид. Чорабинӣ бо дастгирии Маркази «Златоуст», Пажӯҳишгоҳи давлатии забон ва адабиёти рус ба номи А.С. Пушкин, Бунёди «Русский мир» ва Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ба номи Пётри Бузург амалӣ гардид. Ин чорабинӣ донишҷӯён, омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таълимии гуногуни кишварро муттаҳид намуд.

Ҳадафи асосии Ҳафтаи забони русӣ таҳкими мавқеи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байнифарҳангӣ ва илмӣ дар Тоҷикистон буд. Чорабинӣ ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ байни мутахассисони рус ва тоҷик, инчунин ба такмили методҳои таълими забони русӣ дар шароити рақамикунонӣ равона шуда буд.

Ин ташаббус махсусан барои донишҷӯён ва омӯзгорони ихтисосҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои тиб ва илмҳои табиатшиносӣ, муҳим буд. Забони русӣ дар ин самтҳо на танҳо воситаи таълим, балки асоси дастрасӣ ба адабиёти илмӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад.

Дар доираи Ҳафтаи забони русӣ як қатор лексияҳо, семинарҳо ва мастер-классҳо барои хонандагон ва донишҷӯён баргузор гардиданд. Барномаи ҳафта фаъолияти васеъро дар мактабҳо ва донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Данғара фаро гирифт. Меҳмонон аз Русия, аз ҷумла Елена Павличева (муовини аввали ректори Пажӯҳишгоҳи давлатии забон ва адабиёти рус), Татяна Кудоярова ва Елена Петривняя ва олимони точик, аз ҷумла Нағзибекова М.Б., Каримова И.Х. ва Ҳоҷиматова Г.М. бо маърӯзаҳои илмӣ ва таълимӣ баромад карданд.

Чорабиниҳо ба масъалаҳои рушди забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, нақши он дар муоширати байналмилалӣ ва омӯзиши лексикаи касбӣ бахшида шуданд. Дар мастер-классҳо шеваҳои навини таълими забони русӣ ва усулҳои ҷалби донишҷӯён бо истифода аз технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардиданд.

Барномаи чорабинӣ лексияҳо, семинарҳо, мастер-классҳо ва муҳокимаҳои интерактивиро дар бар гирифта, ба таблиғи забони русӣ дар соҳаҳои таълимӣ ва касбӣ равона карда шуд. Қисмати муҳимтарини барнома баррасии нақши забони русӣ дар низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон ва аҳамияти он ҳамчун воситаи муколамаи фарҳангӣ буд.

Кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ДДТТ) дар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, саҳми арзанда гузошт. Дар мизҳои гирд ва баромадҳои худ ба масъалаҳои истилоҳоти касбӣ, хусусан дар соҳаи тиб, диққат доданд.

Устодон таҷрибаи кафедраро дар истифодаи методҳои фаъоли таълим, аз ҷумла кейс-методҳо ва симулятсияҳои коммуникативӣ, муаррифӣ карданд. Ин фаъолияти кафедра нишон дод, ки омӯзиши забони русӣ метавонад бо талаботи замонавии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ бошад.

Ҳафтаи забони русӣ бо дастгирии васеи ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Бунёди «Русский мир» ва Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург, баргузор гардид. Ин ҳамкорӣ ба ташкили майдони нави мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориҳои илмӣ мусоидат намуд.

Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Хонаи русӣ дар Душанбе ҳамчун шарикони маҳаллӣ барои татбиқи барномаи амалии ҳафтаи забони русӣ саҳми бузург гузоштанд.

Маркази русии "Златоуст" ба иштирокчиён китобҳо ҳадя намуд, ки ин саҳми муҳим дар рушди раванди таълимии мо мебошад. Ин маводҳо ба донишҷӯён кӯмак мекунанд, ки дониши худро аниктар кунанд ва малакаҳои заруриро барои омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ инкишоф диҳанд.

Ҳафтаи забони русӣ аҳамияти таҳкими мавқеи забони русиро дар системаи таҳсилоти Тоҷикистон нишон дод. Иштироки кафедраи забони русии ДДТТ аҳамияти ҳамкории муассисаҳои гуногуни таҳсилотиро барои ҳалли масъалаҳои муҳими таълими забон таъкид намуд.

Чорабинӣ ҳамчун майдони мубодилаи таҷриба, муҳокимаи масъалаҳои муҳим ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ хизмат кард. Ҳафтаи забони русӣ зарурати чунин ташаббусҳоро тасдиқ намуд, ки ба ҳифз ва пешбурди забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимми коммуникатсияи илмӣ ва касбӣ мусоидат мекунанд.

Дар оянда, ташкилкунандагон нақша доранд, ки формати чорабинӣ васеъ карда шавад ва иштирокчиёни бештар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ҷалб карда шаванд. Дастгирии чунин ташаббусҳо имкон медиҳад, ки на танҳо забони русӣ ҳифз ва рушди бештар пайдо кунад, балки робитаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ байни Тоҷикистон ва Русия таҳким бахшанд.


18.12.2024 88

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php