ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бо мақсади амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон» мувофиқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 9-ум ва 10-уми декабри соли ҷорӣ бо фарогирии донишҷӯёни факултетҳои педиатриву фарматсевтӣ ва стоматологиву тиббӣ-профилактикӣ дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Ниёзӣ ва Хоҷамирзода Муслиҳиддин суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён З.А. иштирок ва суханронӣ намуда, атрофи масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ибрози ақида намуд. Қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст. Ва ё ба тарзи дигар, чуноне ки дар самти амалии муқаддимаи он ишора шудааст: «Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд»…
Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Мансур Ниёзӣ ҳангми суханронӣ атрофи масъалаҳои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ибрози назар намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи худшиносии миллӣ шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, диққати махсус равона намуда, дар ин самт қонунҳову барномаҳоро қабул намудааст. Боиси нигаронист, ки дар ҷомеаи имрӯза неруҳои бадхоҳу зулматпеша фаъолият намуда истодаанд, ки дар несту нобуд кардани фарҳангу тамаддунҳо ва ва халқиятҳо иқдом гирифтаанд. Бо назардошти ин, мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ободу зебо намудани Ватани азизу маҳбуб саҳм гузоранд.
Инчунин, Хоҷамирзода Муслиҳиддин зимни вохӯри бо донишҷӯён ҷавонони Тоҷикистонро хушбахттарин насли миллати тоҷик унвон намуд. Зеро ҷавонони имрӯза дар кишваре умр ба сар мебаранд, ки сулҳу субот, Истиқлоли комили даавлативу миллӣ ва ваҳдату ягонагии мардум таъмин аст. Ҳукумати мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи сарвари азизу маҳбуб – Пешвои миллат пайваста дар самти ба тарбияи миллӣ фаро гирифтани ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул намуд. Қабули қонуни мазкур, хусусан, дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Он масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар густаришу инкишофи кишвар, пос доштани манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд бардошта, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бавижа дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад. Яъне ин моро бар он далолат мекунад, ки ҳамеша барои густариш ва ривоҷу равнақ бахшидани дастовардҳои Истиқлол бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, дилсӯзиву масъулиятшиносӣ кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимӣ намоем. Зеро, бидуни шак, амалкарди хилофи ин зиён бар давлату миллат ва халқи тоҷик хоҳад буд.
Шуъбаи тарбия