ТАҚДИРИ ИБРАТОМӮЗ


ТАҚДИРИ ИБРАТОМӮЗ

Бахшида ба 100-солагии профессор Бадриддин Наҷмитдинович Муҳитдинов

16 декабр аз рӯзи таваллуди собиқ мудири кафедраи рентгенология ва радиологияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тибб, профессор Муҳитдинов Бадриддин Наҷмитдинович- 100 сол пур мешавад.

Муҳитдинов Б. Н. фаъолияти меҳнатии худро соли 1940 ҳамчун фелдшер дар сохтмони роҳи Помир «Душанбе –Хоруғ» оғоз карда, сипас ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз хатми донишкада с. 1944 Б.Н.Муҳитдинов ба вилояти Ғарм ба кор фиристонда шуд.

Дар ин ҷо пай дар пай дар вазифаҳои: мудири бахши тандурустии ноҳияи Ғарм (1945-1948), сардухтури осоишгоҳи Оби Гарм (то соли 1950) ва мудири бахши тандурустии Вилояти Ғарм кор мекунад. Дар ин солҳо ӯ ба бартараф кардани бемориҳо эпидемикӣ машғул буд, ба рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят, аз ҷумла сохтмони маҷмааи шифохона барои табобати беморон,иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ диққати аввалиндараҷаравона мекард. Соли 1955 ӯро ба Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба кор даъват менамоянд.

Муҳитдинов Б.Н. аспиранти кафедраи рентгенология ва радиологияи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон буда, соли 1961 рисолаи номзадиро дар мавзӯи: «Тағйироти функсионалӣ ва морфологии рӯдаи ғафс дар беморони колитҳои музмин таҳти таъсири табобат дар истироҳатгоҳи Хоҷа-Оби - Гарм" ҳимоя кард, сипас аввал ассистенти кафедра, ва соли 1966 дотсенти кафедра ва иҷрокунандаи вазифаи мудири ин кафедра шуда кор мекард.

Дар заминаи кафедра зиёда аз 250 духтур–рентгенолог ва ординаторҳои клиникӣ омода карда шуданд, ӯ зиеда аз 100 кори илмӣ, 5 дастури методӣ ва монографияҳо нашр кардааст.

Б.Н. Муҳитдинов дар тӯли солҳои зиёд раиси Ҷамъияти илмии ҷумҳуриявии рентгенологҳо ва радиологҳо, узви раёсати Ҷамъияти илмии Рентгенологҳои Умумииттифоқӣ, узви ҳайати таҳририяти маҷаллаи умумииттифоқии "Медицинская радиология" буда, корҳои зиёди машваратӣ ва методиро анҷом додааст. Дар кори анҷуман ва конфронсҳо иштирок кардааст. Соли 1983 ӯ дар Афғонистон дар Донишкадаи тиббии Кобул барои ташкили корҳои методӣ–педагогӣ ва таълимӣ кӯмаки машваратӣ расондааст.

Б. Н. Муҳитдинов дар ҳаёти ҷамъиятӣ- сиёсии донишкада иштирок мекард, борҳо вакили Фахрии Шӯрои вилоятии вакилони халқ интихоб шудааст; узви бюрои ҳизбии факултетҳо, узви кумитаи иттифоқи касабаи донишкада буд.

Фаъолияти меҳнатии Б.Н.Муҳитдинов бо медалҳо, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, нишони сарисинагии "Аълочии тандурустӣ", сипосномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон ва раёсати донишкада қадрдонӣ карда шудааст.

Муҳитдинов Бадриддин Наҷмитдинович дорои сифатҳои олии ахлоқӣ ва инсонӣ буд. Бо вуҷуди вазифаҳои ишғол кардааш, ӯ як шахси хоксору дилсӯз буд. Дилбастагии ӯ дар ҳамаҷое, ки кор мекард, зоҳир мешуд.

Хотираи олим, табиб, омӯзгор, ташкилкунандаи тандурустӣ ва мураббӣ дар дили одамони наздики ӯ абадан нигоҳдошта мешавад.

 

 

Сайфиддинзода М.Б.-н.и.т., дотсент,

мудири кафедраи

рентгенологии ва радиология


17.12.2024 410

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php