РАВИШИ КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАҶРИБАВӢ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


РАВИШИ КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАҶРИБАВӢ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ

Дар Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҳар ҳафта корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, кори илмии унвонҷӯ докторант Ғанизода Х.А. дар мавзӯи “Омӯзиши хусусиятҳои баъзе ҷанбаҳои фармакологии Феразон, равғанҳои атрӣ ва Ферусинол” таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Азонов Ҷ.А. дар 50 адад калламушҳои сафед ҷамъбаст гардид. Барои таҳлили биохимиявӣ намунаҳои хун ба Озмоишгоҳи кишди селулаҳои бунёдӣ, об ва хун (ОКСБ) ва барои таҳлилҳои морфологӣ биомаводҳо ба Озмоишгоҳи морфологӣ, физиология ва патологияи эндотелия ирсол карда шуданд.

Ҳамчунин, дар Озмоишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ (ОИТ), кормандони бахш бо донишҷӯён дар мавзӯъҳои зерин фаъолият намуданд:

· "Лапаротомия: кушодани ковокии сифоқпарда, азназаргузаронии узвҳои ҳозима, духтани дарзҳои гемостатикии ҷигар ва меъда".

· "Лапаротомия ва азназаргузаронии узвҳои ҳозима, гирифтани изофаи кирмшакл".

Дар доираи ин омӯзишҳо, як адад харгӯши озмоишӣ ҷарроҳӣ карда шуд, ки донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ ва курси 2-юми факултети стоматологӣ бо нозукиҳои корҳои ҷарроҳӣ шинос шуданд.

Пешгирии беморӣ ҳамеша аз табобат беҳтар аст, зеро саломатӣ неъмати гаронбаҳост, ки танҳо бо нигоҳубини дуруст ва чораҳои пешгирӣ ҳифз мешавад. Дар ин замина, дар ОИТ ба харгӯшҳои озмоишӣ бо мақсади омӯзиш оид ба бемории актинамикоз эмгузаронӣ гузаронида шуд.

Пешгирии беморӣ ҳамеша аз табобат беҳтар аст, зеро саломатӣ неъмати гаронбаҳоест, ки танҳо бо нигоҳубини дуруст ва пешгирӣ ҳифз мешавад. Дар ОИТ ба харгушҳои озмоишӣ оиди бемории актинамикоз эмгузарони карда шуд.


Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ


17.12.2024 275

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php