ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ТАҶҲИЗОТҲОИ МУОСИР


 ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ТАҶҲИЗОТҲОИ МУОСИР

Аз ҷониби устодони кафедраи рентгенология ва радиология барои донишҷуёни факултети тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълим, босамарона аз худ намудани мавзӯъҳои дарс ва малакаҳои касбӣ дар Маркази омӯзиши симулятсионӣ ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯён, гузаронида шуд.

Ба донишҷӯён дар аввал шиносоӣ ва баъд аз он тарзи кор дар таҷҳизотҳои ташхиси ва муолиҷавӣ омӯзонида шуд:

Аз тарафи муаллими калони кафедра Раҳмонов Б.И. ба донишҷӯён шиносоӣ бо дастгоҳи ТК-ии Aqulion Lightnng аз компанияи Canon, ки дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ҷойгир аст, гузаронида шуд. Ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки акси узвҳоро қабат ба қабат дар се самт пайдо кунем. Ин дастгоҳи муосиртарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз сабаби баланд будани тавоноии ин дастгоҳ аксҳои он сифати баланд доранд.

 

Устодони кафедра, ассистенти кафедра Нуритдинов Ҷ.А., Абдураҳмонов У.Ж., Меҳрангези М., ба донишҷӯёни факултети тиббӣ дар Маркази омӯзиши симулятсионӣ бо тарзи гузаронидани ташхиси ултрасадо шинос шуда, таҳти роҳбарии устод тарзи дуруст гузаронидани ташхисро омӯхтанд.

  

 

Кафедраи рентгенология ва радиология


17.12.2024 126

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php