ХИЗМАТ БА ВАТАН – ШАРАФ АСТ
Рӯзи 13.12.2024 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Кумити кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарбозоне, ки баъди хатми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино хизмат ба Ватанро қарзи имониву виҷдонии хештан ҳисоб намуда, имрӯз дар қатори дигар сарбозону афсарон қарзи фарзандии худро адо намуда истодаанд, чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ дар баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ нахуст муовини ректор оид ба тарбия, Аҳрориён З.А. баромад намуда, қайд намуд, ки хизмат ба Ватан вазифаи виҷдониву имонии ҳар фарди ватандор маҳсуб меёбад. Иҷрои хидмати ҳарбӣ бошад, яке аз вазифаҳои конститутсионӣ буда, аз шаклҳои асосии иҷрои он ҳидмати ҳарбӣ мебошад, ки тартиби онро қонун муқаррар кардааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват синнашон ба 18-солагӣ расидааст, ба хидмати муҳлатноки ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Ҳалқи тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик ҳанӯз дар таърихи аввали давлатдории худ соҳиби артишу сипоҳи ҷангозмудаву бонизом будааст, ки он дар зафарёбиҳои бесобиқаи худ аз муҳимтарин восита маҳсуб мешавад. Агар дар саросари шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – “Шоҳнома” рӯ оварда шавад, ба хубӣ аён мегардад, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби давлату артиш буда, дар таҳкими амнияти худ тадбирҳои муҳим андешидааст. Ҳимоят аз сарзамини аҷдодӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти он, эҳтиром гузоштан ба як зарра обу хоки Ватан маҳакаи асосии давлатдории ниёгони мо мебошад. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик бо гиромидошт ва арҷгузории хоки поки худ решапайвандии амиқ дошта, дар ин масир пайроҳаҳои зиёдеро тай намуда, қувваи муҳофизати худро аз таъсири душманон дар баробари донишу хирад, маҳз, дар қудрати неруи ҷангии худ медид.
Бо назардошти ин, имрӯз халқи тоҷикро мебояд, ин ҳуввияти миллии ниёгонро пос дошта, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз саҳми бориз гузоранд.
Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ализода Далер ва Файзов Наврӯз баромад намуда, барои ташкили ин чорабинии муҳим ба раёсати Донишгоҳ изҳори сипос баён намуда, иброз доштанд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо дар дили ҷавонон ҳисси бедории миллӣ ва хизмат ба Ватанро бедор мекунад...
Дар зимн баҳри болидахотирии сарбозон дастаи ҳунарии “Шифо”-и Донишгоҳ бо суруду таронаҳои ватандӯстона баромад намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ анҷом ёфт.
ШУЪБАИ ТАРБИЯ,
ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН