МАШВАРАТ-ВОХӮРИИ СУДМАНД


МАШВАРАТ-ВОХӮРИИ СУДМАНД

Дар толори лексионии № 2-и Донишгоҳ вохӯрии намояндагони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо доираи васеи донишҷӯён баргузор гардид. Зимни суханронӣ муовини сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Ёдгорзода Рустам Ёдгор иброз доштан, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо аз пайомадҳои хатарнок вазифаи на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ балки кулли ҷомеаи кишвар мебошад. Дар ин замина ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд. Хатарҳои рӯзафзуни терроризму экстремизм бори дигар моро водор месозад, ки аз пештара дида боз ҳам муттаҳидтар бошем ва нагузорем, ки пойи номубораки ин табақаи разил ба Ватани ободу аҷдодии мо бирасад.

         Назризода Пайрав-сардори шуъбачаи ковтукови ҷиноятӣ аз амалҳои номатлуби баъзе ҷавонону наврасон дар солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, насли наврасу ҷавонро ба эҳтироми якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят намуданд.

Маҳмадназарова Шукрона ва Саидов Маҳмадсаид-намояндагони гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар идомаи суханронии хеш ҳамсолонро ба хештаншиносиву арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллат даъват намуда, зикр доштанд, ки эътимоди Сарвари маҳбуби кишварамон ба мо аст ва мо бояд ба он сазовор бошем.


14.12.2024 190

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php