ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ: АБЗОРҲО ВА РАВИШҲОИ НАВ
Дар доираи ташаббуси рушди малакаҳои олимони ҷавон мутахассисони шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино семинари омӯзишӣ барои аспирантҳо, докторантҳо ва магистрантҳо ташкил намуданд, ки ба истифодаи зеҳни сунъӣ ва асбобҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти илмӣ бахшида шуда буд. Барои гузаронидани семинар мудири шуъбаи кор ҷавонон, Миршарофов Мирсафо Мирҳақимович даъват карда шуд, ки дар бораи рушди soft skills ва аҳамияти онҳо барои фаъолияти илмии муваффақ маълумот доданд.
Дар семинар имкониятҳои SciSpace ҳамчун асбоби ёрирасон дар фаъолияти илмӣ муаррифӣ гардид. Миршарофов М.М. функсияҳои асосии платформаи SciSpace-ро, ки иҷрои вазифаҳои илмиро хеле осон мекунад, муфассал шарҳ дода ба функсияҳо алоҳида диққати иштирокчиёнро ҷалб намуд, аз қабили: Paraphraser — асбоб барои тағъир додани матн; AI Detector — санҷиши матн барои аломатҳои истифодаи зеҳни сунъӣ; Citation Generator — эҷоди автоматии истинодҳои библиографӣ; Literature Review — кӯмак дар гузаронидани баррасии адабӣ.
Иштирокчиён ба функсияҳои пулакӣ, арзиши онҳо ва маҳдудиятҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Қайд гардид, ки ҳар 3 соат то 5 савол ройгон дода мешавад.
Ҳамзамон чунин манбаъҳои дигар низ муаррифӣ шуданд: SCI-HUB — барои дастрасӣ ба мақолаҳои илмӣ, ки дар дигар платформаҳо бо дастрасии кушод мавҷуд нестанд; Researchrabbit.com — абзоре, ки ҷустуҷӯи адабиро шахсӣ карда, равандро барои ёфтани таҳқиқоти дахлдор осон мекунад.
Миршарофов М.М. тавсия доданд, ки ба мақолаҳо бо сатҳи баланди истиноддиҳӣ таваҷҷуҳи бештар дода шавад, то сифати нашрияҳои илмӣ ва баррасии адабӣ беҳтар гарданд. Иштирокчиёнро ташвиқ карданд, ки ҳамчун муаллиф дар системаи DOI сабти ном кунанд, то нуфуз ва намоёни кори илмии худ баланд бардошта шавад.
Манбаъҳои иловагӣ низ тавсия дода шуданд, аз он ҷумла https://www.semanticscholar.org/ — барои ҷустуҷӯи мақолаҳои илмӣ; https://www.connectedpapers.com/ — барои сохтани шабакаи мақолаҳо дар мавзӯи интихобшуда.
Семинар таваҷҷӯҳи фаъолонаи иштирокчиёнро ба худ ҷалб кард ва онҳо аҳамияти амалӣ доштани абзорҳои муаррифишударо қайд карданд. Чунин чорабиниҳо ба олимони ҷавон кӯмак мекунанд, ки технологияҳои муосирро ба фаъолияти илмии худ ворид намоянд ва малакаҳои заруриро барои рушди касбии муваффақ ташаккул диҳанд.
Шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмӣ