КОНФЕРЕНСИЯИ КЛИНИКӢ
Санаи 13 – уми декабри соли 2024 дар толори лексионии кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки ҳайати васеи донишҷӯёни курси 6 – уми факултети тиббӣ (гуруҳҳои 53 то 64), интернаҳо, ординаторони клиникӣ, кормандони кафедра ва кормандони МД ММТ ҶТ “Шифобахш” конференсияи клиникӣ дар мавзӯи “Актуальные вопросы в гематологии. Тромбофилии” баргузор гардид.
Конференсияи мазкур аз ҷониби мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 н.и.т., дотсент Уроқов К.З. ифтитоҳ гардида, оид ба мундариҷа ва муҳимияти мавзӯи интихобгардида шарҳи мухтасар дода шуд.
Тибқи барномаи конференсия, ординатори шӯъбаи гематология Каримов Беҳруз оид ба мавзӯи номбаршуда (бо намоишнома) суханронӣ намуда, дар мавриди сабаб, таснифот, барои иштироккунандагон маълумот пешниҳод намуд.
Инчунин, дар кори конференсия аз ҷониби дотсент Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна доир ба ҳолат аз таҷриба, дар шакли намоишнома баҳри иштирокчиён иттилои муфассал дода шуд.
Оид ба усулҳои ташхис ва табобати муосири ин беморӣ (трансплантатсияи мағзи устухон) омӯзгори калони кафедра Шамсов А.Т. маълумот ироа карданд.
Иштироки фаъоли донишҷӯён бо баҳсу мунозираҳои худ доир ба мавзӯи интихобгардида кори конференсияро рангин намуда, гувоҳи таваҷҷуҳи бештари онҳо ба корҳои илмӣ ва муолиҷавӣ мебошад.
Кафедраи бемориҳои дарунии №3