КОНГРЕССИ 15-УМИ ЭНДОУРОЛОГҲО ДАР ШАҲРИ ТЕҲРОН ДОИР ГАРДИД


КОНГРЕССИ 15-УМИ ЭНДОУРОЛОГҲО ДАР ШАҲРИ ТЕҲРОН ДОИР ГАРДИД

Аз 4 то 6-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон-пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон Конгресси 15-уми эндоурологҳо ва уролапарскопистҳои кишвари мазкур баргузор гардид, ки Донишгоҳи тиббиро дар ин анҷуман устодони кафедраи урология ба номи профессор А.С. Осимӣ, Саъдуллозода Фарҳод Сангинмурод, Абдувоҳидов Абдусамад Абдуқаҳорович ва Рофиев Икром Додоевич намояндагӣ карданд.

         Конгресс рӯзи 4-уми декабр дар толори конфронсии Heart Hotel-и шаҳри Теҳрон баргузор гардид, ки аз рӯзи аввали баргузорӣ то анҷоми он 75 маърӯзаҳои шунида шуданд. Дар Конгересс намояндагон аз кишварҳои Австрия ва Амрико ва дигар давлатҳои дуру наздик бо тариқи маҷозӣ ва ғайримаҷозӣ иштирок доштанд

         Мудири кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Саъдуллозода Ф.С. суханронӣ намуда, аз номи Донишгоҳ сипосномаро ба раиси анҷумани эндоурологҳо ва уролапароскопистҳо доктор Али Табибӣ тақдим карда ба эшон ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба арзи сипос баён намуданд.

Самти асосии кори Когресс ин муҳокимаи проблемаҳои урологӣ, навгонӣ дар ташхис ва табобати бемориҳои музмини гурдаҳо, бемории санги пешоб ва пешгириии оризаҳои вақти ҷарроҳӣ ва баъди ҷарроҳӣ дар беморонӣ урологӣ буд.

         Дар Конгресс ҳангоми мулоҳиза ва муҳокимаронӣ бо ҳамкасбони Эронӣ ҷиҳати ташхис, табобат ва пешгирии оризаҳои бемориҳои урологӣ таҷрибаи кории якдигар омӯхта шуд.


12.12.2024 246

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php