ТОҶИКОН—ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ


ТОҶИКОН—ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Мардуми шарафманди мо дар ҳамаи марҳилаҳои таърих барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллии хеш бо қавму қабилаҳои саҳрогарду бодиянишин талош ва муқовимат карда дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзандони номварашро аз даст дода бо мушкилиҳои зиёд ба озоди расидааст. Ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корномаҳои фарзандони мардуми боҳиматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш ҷой диҳад.

                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Ояндаи миллатро бунёд сохтан бе надонистани таърих ғайриимкон аст. Халқи тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур ва ватандӯсту меҳанпарвар тавонист, ки ба хазинаи таърих ва тамадуни инсоният саҳми мондагор гузорад. Бинобар ин дар ташакули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Яке аз ин шахсиятҳо, ки ӯро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди фарзонаи миллат номидааст, ин академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути асари таърихии хеш “Тоҷикон” тавонист, ки миллати тоҷикро ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуда халқи тоҷикро дар занҷири тамадуни башарият ҷой диҳад. Ӯ бо ин асараш саҳифаҳои норавшани сарнавишти тоҷиконро ошкор сохта илми тоҷикшиносии ватаниро бунёд гузошт. Китоби “Тоҷикон” аввалин маротиба соли 1972 бо забони русӣ бо номи “Таджики. Древнейшая, древняя и средневековоя история” бо теъдоди 10000 нусха аз чоп баромад. Бояд қайд кард, ки дар он замон навиштани чунин асар кори осон набуд ва на ҳар кас ба чунин иқдом даст мезад. Аммо ҳамаи ин хавфу хатарҳо пеши роҳи фарзанди бо нангу номус ва ҷасуру матини миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуровро гирифта натавонист. Асари мазкур ба он нафароне, ки ҳамеша таърихи қадим доштани халқи тоҷикро рад намуда ба муқобилашон ақидаҳои ғаразнок паҳн менамуданд натанҳо муҳри хомушӣ балки як ҷавоби дандоншикине дод. “Тоҷикон” таърихи халқи моро аз давраи қадимтарин то ибтидои асри ХХ таҳқиқ карда, макони пайдоиш ва ҷои зисти пешгузаштагони тоҷиконро зина ба зина мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ин асар соли 1983 бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда аз 6 фасл ва 21боб иборат аст. Муаллиф барои комил намудани асари мазкур зиёда аз 2000 сарчашмаи илмиро мавриди истифода қарор додааст. Фасли аввали китоби “Тоҷикон” сохти ҷомеаи ибтидоиро мавриди омӯзиш қарор дода оид ба ҳамаи он ёдгориҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, ки дар давраҳои гуногуни ҷамоаи ибтидоӣ вуҷуд доштанд маълумот медиҳад. Барои исботи гуфтаҳо метавон якчанд минтақаҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисол овард: Бошишгоҳи Қаратоғи Ёвон ва Лоҳутии-1, харобаи Қаробӯра, Ғори Оғзикичики ноҳияи Данғара, бошишгоҳи Шуғнов ва ғ. Инчунин академик Б.Ғафуров дар ин фасл оид ба тақсимшавии ориёиҳо ба ҳиндуориёҳо ва ҳиндуэрониҳо, китоби муқаддаси “Авесто” ва дини Зардуштияву пайғамбар Зардушт маълумотҳои аҷиб медиҳад. Фасли дуюм саргузашти халқи тоҷикро аз асри 6 п.а.м то асри 4-и мелодӣ идома дода, оиди давлатҳои Ҳахоманишиён, ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Шарқ, қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен, давлати Селевкиён, Юнону Бохтар, Ашкониён, Кушониён ва ба майдони таърих омадани давлати Сосониёнро тадқиқ менамояд. Муаллиф дар ин фасл давраи тӯлонитарини таърихи гузаштаи моро тавзеҳ медиҳад. Фасли сеюм аз замони ба сари ҳокимият омадани давлати Сосониён оғоз ёфта то истилои Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо идома меёбад. Аллома Б.Ғафуров дар ин фасл воқеаҳои таърихии асрхои 4-7 ро мавриди омӯзиш қарор дода ба таърихи пайдоиши Хиёниён, Тахориён, Ҳайтолиён ва Хоқонии Туркҳо диққати махсус додааст. Тибқи гуфтаи муаллиф ба ҷуз давлатҳои номбаршуда дар Осиёи Марказӣ боз якчанд вилоятҳои мустақил ба монанди Тахористон, Хоразм, Хуталон, Истаравшан, Чоч ва ғайра арзи вуҷуд доштанд, ки доимо байнашон ҷангу низоъ ҳукмрон буд. Шавқовартарин фасли китоби “Тоҷикон” ин фасли чорум мебошад, ки аз давраи ба сари қудрат омадани арабҳо ибтидо ёфта то барҳам хурдани давлати Темуриён давом меёбад. Б. Ғафуров дар ин фасл оиди дигаргуншавии фарҳангу тамаддуни тоҷикон маълумот дода инчунин оид ба ҷунбишҳои озодихоҳонаи тоҷикон ба муқобили арабҳо хабар медиҳад. Шӯриши Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Ғурак ва ғ метавонанд, далели гуфтаҳо шаванд. Баъдан дар ин фасл давлатҳои Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Қарахониён, Ғазнавиён, Ғуриён, Хоразмшоҳиён ва ғ. мавқеи назарас доранд. Фасли панҷум аз таъсиси давлати Шайбониён то Манғитиён ва фасли шашум аз давраи ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Маркази то револютсияи февралии соли 1917 тӯл кашидааст. Хуллас дар ин асар таърихи гузаштаи тоҷикон ба мисли занҷири бениҳоят дароз тасвир ёфта то замони мо омада расидааст. Маҳз осори мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров пояи бунёдии омӯзиши таърихи халқи тоҷикро ташкил дод, ки мо имрӯз онро меомӯзем. Дар замони ҳозира, ки пур аз ҳодисаҳову тазодҳои мухталиф фазои ҷаҳониёнро фаро гирифтаааст, мутолиаи “Тоҷикон” барин асарҳо баҳри бедор сохтани ҳисси худшиносию ватанпарварии ҳар фарди бедордили миллат махсусан ҷавонон аҳамияти бениҳоят бузургро доро мебошад. Зеро худшиносӣ ва ҳувияти милли аз огоҳи доштан аз таъриху гузаштаи аҷдодони хеш сарчашма гирифта аслиҳаи пурқувват ба муқобили душман мебошад.

 

 

 

Имамбердиева М.А.

-ассистенти кафедраи гистология

 

 


12.12.2024 226

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php