ДАРСҲОИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР КАФЕДРАИ БЕҲДОШТИ МУҲИТИ ЗИСТ
Тибқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи беҳдошти муҳити зист бо мақсади аз тарафи донишҷӯён мустақилона аз худ намудани барномаи таълимии фан аз рӯи мавзӯъҳо ва супоришҳои пешбинишуда ба шумор рафта шакли дарсҳои амалии “Кори мустақилонаи донишҷӯй бо роҳбарии омӯзгор” ба роҳ монда шудааст.
Санаи 10 декабри соли равон дарсҳои амалӣ ба донишҷӯёни курси 6-уми факултети тибби-профилактикӣ аз фанни беҳдошти кӯдакон ва наврасон аз тарафи омӯзгори ботаҷрибаи кафедра Умарова Замира Ахмедовна гузаронида шуд. Мавзӯи дарси амалӣ “Талаботи гигиенӣ барои банақшагирӣ, сохтмон ва ободонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” буд. Ҳангоми гузаронидани дарси амалӣ ба донишҷӯён нусхаи лоиҳаи нақшаи намунавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки барои экспертизаи санитарию гигиенӣ пешниҳод шуда буд, фаҳмонда шуд ва таҳти роҳбарии омӯзгор донишҷуён ба лоиҳаи мазкур хулосаи санитарӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод намудан.
Чунин намуд дарсҳои амалӣ ба донишҷӯён ва хатмкунандагони факултети тибби-профилактикӣ таҷрибаи хуб ва малакаҳои баланди касбӣ медиҳад, ки дар оянда ҳангоми фаъолияти касбӣ ба онҳо мусоидат хоҳад кард.
Кафедраи
беҳдошти муҳити зист