ҶАҲОН БЕНАШЪАМАНДӢ ВА ВНМО
Санаи 06.12.2024 дар кафедраи Фармакогнозия ва ТИФ дарси кушоди тарбиявӣ доир ба мавзӯи "Ҷаҳон бенашъамандӣ ва ВНМО" бо донишҷӯёни курси 2-юм ва устодони кафедра, аз ҷумла мудири кафедра доктор phD Шомирзоева О.И., дотсенти кафедра Раҷабов Г.О., муаллими калони кафедра Миров С.Ш. ва ассистентҳои кафедра Маҷидова У.А., Рухшонаи Ҳакималӣ, Раҷабова Ӯ.А. гузаронида шуд. Дар дарси кушоди тарбиявӣ донишҷӯёни фаъоли курси 2-юм, аз ҷумла Маҳмадизода П., Расулова Н., Муҳамадизода М. ва Саидзода Ш., Сайфиддинов И. ва Ашрапов Ф. доир ба ин мавзӯи бемории ВНМО, роҳҳои сироятёбии он, сабабҳои он ва инчунин дар бораи нашъамандӣ ва зарари он низ маълумоти дақиқ ва презентатсияҳо пешниҳод намуданд. Дар охир дотсенти кафедра Раҷабов Г.О. ва мудири кафедра Шомирзоева О.И. доир ба мавзӯи ВНМО ва нашъамандӣ, ки яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бештари гирифтори ин бемориро ҷавонон ташкил медиҳанд, суханронӣ намуданд. Умедворем, ки донишҷӯён аз ин дарси кушод хулосабарорӣ намуда, худ ва дигаронро аз ин хислатҳои бади инсонӣ эмин нигоҳ медоранд.
Ҳамасола 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти инсон қайд карда мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ оид ба ВНМО аст. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат низ чораҳои зарурӣ барои пешгирии ин беморӣ андешида шуда истодаанд.
Кафедраи Фармакогнозия ТИФ