СТИГМА ВА ТАБЪИЗ ДАР СОҲАИ СИЛ ВА ВНМО
"Оё Шумо аз шахсе, ки бо ВНМО ё ВНМО/сил зиндагӣ мекунад, маҳсулот мехаридед?" – маҳз бо ин савол презентатсияи Нозанин Хакназарова, донишҷӯи курси 5-и факултаи тиббӣ дар назди ҳамкурсон оғоз гардид. Презентатсияи кӯтоҳ, вале асосноки ӯ ҳатто ассистентони кафедраро бо чуқурии андеша ва муносибати як табиби оянда ба ҳуқуқи беморон ва тарғиби эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ба саломатӣ шигифтзада намуд.
Мавзӯъҳои марбут ба муносибати ҷамъият ба шахсони бо ВНМО ё сироятҳои якҷояи ВНМО ва сил зиндагикарда паёмадҳои иҷтимоии амиқ доранд. Нозанин Хакназарова дар презентатсияи худ зарурати бартараф кардани табъизро таъкид намуд, то ки сифати зиндагии беморон беҳтар ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ осонтар гардад.
Иштирокчиёни дигар, аз ҷумла Манучеҳр Риоев ва Фаррух Курбонализода, маълумоти глобалӣ ва минтақавӣ оид ба паҳншавии ВНМО ва силро пешниҳод намуданд. Онҳо аҳамияти масъала дар Тоҷикистонро қайд карданд, ки дар он ҷо сироятҳои якҷояи ВНМО ва сил хатари ҷиддии тандурустии ҷамъиятиро ба вуҷуд меоранд. Донишҷӯён баррасӣ намуданд, ки чӣ тавр нақзи ҳуқуқи инсон, стигма ва табъиз монеаи дастрасӣ ба ташхис ва табобати саривақтӣ мегарданд.
Презентатсияи Фарзона Муминова аҳамияти пешгирии саривақтӣ ва ҳамгироии хизматрасониҳо барои беморони дорои ВНМО ва силро дар бар гирифт. Чораҳое, ки ба ошкорсозии барвақт, табобат ва пешгирии паҳншавии сироятҳо равона шудаанд, баррасӣ гардиданд.
Тавассути чунин муҳокимарониҳо на танҳо муносибати касбӣ ба табобати беморон ташаккул меёбад, балки донишҳои этикии ҳуқуқи инсон дар низоми тандурустӣ васеъ мегарданд. Ин гуна чорабиниҳо ба ташаккули таҳаммулпазирӣ дар байни донишҷӯён мусоидат намуда, омодагии онҳоро барои мубориза бо стигма ва табъиз дар амалияи ояндаи онҳо афзун месозанд. Аз ин рӯ, ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедраи фтизиопулмонологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино саҳми худро дар пешбурди ҳуқуқи беморон мегузорад.
Кафедраи фтизиопулмонология