ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Санаи 6-уми декабри соли равон ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон» тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо фарогирии донишҷӯёни факултети тиббӣ бо иштироки сармутахассиси раёсати иттиҳодияи динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаландаров Бурҳониддин суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён З.А. баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар рушди ҷомеа ва ободонии Ватан ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, қайд намуд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоию фарҳангии Ҳукумати кишвар буда, перомуни ин, дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст. Хушбахтона, дар замони Истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули як қатор барномаҳову қонунҳо ҷиҳати рушди тафаккури ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст…
Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Қаландаров Бурҳониддин низ зимни суханронӣ атрофи масъалаҳои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ибрози назар намуда, зикр намуд, ки Ҳукумати малакат дар самти ба тарбияи худшиносии миллӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар пешрафти шукуфоии Ватан саҳми ҷавононро муҳим арзёбӣ мекунад. Боиси нигаронист, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ гурӯҳҳои хатарзо, ки дар пайи нобуд сохтани фарҳангу арзишҳои миллии халқҳои мухталиф камар бастаанду тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз хориҷи кишвар фаъолият намуда истодаанд. Мутаассифона, ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба аҳдофи разилонаи хеш дини мубини Исломро сӯиистифода намуда, ба эътимоди ҷавонони зудбовар медароянду онҳоро мағзшӯӣ намуда, ба коми худ мекашанд. Аз ин ҷиҳат, ҷавононро мебояд, дар партави худшиносии миллӣ ба камол расанду дар омӯзиши илмҳои нофеъ диққати махсус равона намоянд. Зеро ягона роҳи пешгирии ҷалби ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар худшиносии миллист.
Шуъбаи тарбия