БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН


БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкории Донишгоҳ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе силсила чорабиниҳо рӯи кор омада истодааст.

Санаи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар толори ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов ҳамоиш дар мавзӯи “30-соли бунёдкориву созандагӣ дар канори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ” бо ҷалби доираи васеи донишҷӯён ва ҳайати кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ баргузор гардид.

Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сардори шуъбаи иттилоот ва робита ба ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ, номзади илмҳои таърих Абдураҳмонов З.В. оғоз ёфта, нақши ин ҳизби созанда дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон муҳим ва арзанда маънидод карда шуд.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Фозилзода Шуҳрат зимни баромади хеш аз талошҳои пайвастаи роҳбари муаззами Ҳизби мазкур, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки маҳз таҳти ҳиоятҳои ин фарзанди фарзонаи миллат ҳадафҳои созандаи ҳизб амалӣ шуда истодаанд. Ҳамзамон, номбурда аз рӯзҳои вазнини солҳои таъсисёбии Ҳизб низ хотиррасон намуда, донишҷӯёну ҷавононро ба арҷгузорӣ аз сулҳу суботи миллӣ, эҳтиром ба Ватан ва муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги пурғановати миллат ба ҷомеаи ҷаҳони даъват намуданд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 3-юми декабри соли ҷорӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” дар озмуни ноҳиявӣ бахшида ба ин санаи муҳими таърихию сиёсӣ аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ” ғолиб дониста шуд. Чорабиниҳои идона дар Донишгоҳ идома доранд.


3
2
1
05.12.2024 385

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php