АТТЕСТАТСИЯИ ФОСИЛАВИИ ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ ДАР ШАРОИТИ МОС
Рӯзҳои 3-4 декабри соли 2024 дар ҳуҷраҳои таълимӣ-клиникии Маркази омӯзиши симулятсионӣ Аттестатсияи фосилавии ординаторони клиникӣ баргузор гардид. Устодони кафедраҳои клиникӣ ба сифати донишу маҳорат ва дараҷаи иҷроиши малакаҳои касбӣ муҳассилин баҳо доданд. Дар марҳилаи аввал барои ҳар як муҳассилин билет бо чор намуди малакаҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд. Ординаторҳои ихтисосҳои клиникӣ аз имтиҳонҳои зерин гузаштанд: акушерӣ ва гинекология, анестезиология ва реаниматология, бемориҳои дарунӣ ва кардиология, бемориҳои кӯдакона ва неонатология, травматология ва ортопедия, урология, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии кӯдакона. Дар ҳуҷраи таълимӣ-клиникии «Стоматология»-и Марказ ординаторҳо аз кафедраҳои стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи ортопедӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй имтиҳон супориданд. Марҳилаи аввали Аттестатсияи фосилавии аз иҷроиши малакаҳои касбӣ бомуваффақият супориданд. Ҳамагӣ тақрибан 1100 нафар ординаторони клиникӣ аз ин озмун гузаштанд.
Рафти аттестатсия аз ҷониби директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, н.и.т., дотсент Қобилзода Қ.К. ва кормандони Марказ назорат карда мешуд.
Усмонов Ҷ.Н.-директори Маркази омӯзиши
симулятсионӣ