ПАЙОМАДҲОИ МАНФИИ ҶАҲОНИ МУОСИР ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОНҲО


ПАЙОМАДҲОИ МАНФИИ ҶАҲОНИ МУОСИР ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОНҲО

Таҳти чунин уновн, имрӯз дар толори Маркази омӯзиши симулятсионӣ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни факултети тиббӣ семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд.

Кори семинар бо сухани ифтитоҳии сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ, Абдураҳмонов З. В. оғоз гардида, атрофи хатарҳои рӯзафзуни терроризму экстремизм ба амнияти кишварҳои ҷаҳон, густариши ифротгароиву хурофотпарастӣ дар байни ҷомеа, манфиатҳои геопалитикии абарқудратҳо, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамсоли инҳо изҳори андеша карда шуд.

Абдулло Қодирӣ –сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиди тозаи “Эътирофи Тоҷикистон ба ҳайси кишвари амнтарини ҷаҳон” иштирокдорони семинарро табрику муборакбод намуда, зимни барассии рӯзномаи семинар зикр доштанд, ки имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шиддат ноором, пуртаниш ва нигароникунанда аст. Аз нав шиддат гирифтани ҷангҳо дар Ховари Миёна, ҷангҳои иттилоотӣ, муборизаҳои ҳуши маснуъӣ дар фазои маҷозӣ, терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Таъкид гардид, ки ғояҳои тундгароёна ба афкори ҷавонони ноогоҳ таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар низоми муосири амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ масъалаҳои муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм аҳамияти хос пайдо намуданд. Номбурда дар такя ба маълумотҳои иттилоотӣ изҳор доштанд, ки идеологияи ифротӣ дар раванди ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва радикалӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни олам роҳу усулҳои навро бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ғояҳои худро дар байни ҷавонон ташвиқу тарғиб менамоянд. Дар идомаи суханронӣ мавсуф хатарҳои тафаккури ифротӣ ба давлатдории миллиро ба ҳафт бахш тақсимбандӣ намуда, ба таври мушаххас шарҳу тавзеҳ доданд.

Амонзода С. Б.-раиси Шӯрои занону духтарон вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва Муродов Ш. Д.- сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ибрози ақида намуда, аҳамияти қонунҳои қабулгардидаро дар пешгирии пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба мафкураи ҷавонон муҳим ва саривақтӣ маънидод намуданд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО

ҶОМЕАИ ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


3
2
1
04.12.2024 319

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php