РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО)
Санаи 2 –уми декабри соли ҷорӣ кафедраи физиологияи нормалии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дарси тарбиявӣ бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)», ки ҳамасола 1 декабр ҷашн гирифта мешавад, тибқи нақшаи корҳои тарбиявӣ дар толори ба номи профессор Ю Б. Исҳоқӣ баргузор намуд. Барномаи омоданамудаи донишҷӯён бо презентатсияҳо, саҳначаҳои ахлоқиву ҳаҷвӣ, қироати шеър дар васфи саломатӣ, сурудҳо, саволу ҷавобҳо бо толор ва ба ғолибон тақдим намудани тӯҳфаҳо дарбар гирифт. Мақсади дарси тарбиявии имрӯза бори дигар ба ҷавонон расонидани маълумот оид ба ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди ВНМО мебошад.
Аз соли 1987 ҳамасола рӯзи 1 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил карда мешавад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. ВНМО намегузарад: тавассути оби даҳон ва арақи бадан; бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра: оғушгирӣ, сӯҳбат, сулфа кардан, атсазанӣ; тавассути нешзании ҳашарот, газидани ҳайвонот; ашёи маишӣ; молҳои канселярӣ; ҳангоми ташрифи якҷоя ба ҳавзи шиноварӣ, ошхона, ҳангоми истифодабари аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва хурокхурии якҷоя. ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва ғайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад.
КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ