ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҶИД-и КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ ШУДА ГУЗАШТ
Санаи 29.11.2024 ҷаласаи навбатии ҶИД-и кафедраи физиологияи нормалӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултетҳо, ки аъзоёни ҶИД-и кафедра мебошанд иштирок намуданд. Тибқи нақша дар ин ҷаласа ба аъзоёни ҶИД оид ба мубрамии мавзӯъҳои илмӣ, тарзи ҷамъоварии маводҳои илмӣ, таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ сӯҳбатҳои муфид гузаронида шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ҳамасола аъзоёни ҶИД-и кафедра дар конференсияи олимони ҷавони Донишгоҳ, ки дар моҳи май ба нақша гирифта мешавад, бо маърӯзаҳои ҷолиб фаъолона иштирок мекунанд ва ҷойҳои намунавиро соҳиб мешаванд.
Соли ҷорӣ 6 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ, ки аъзоёни ҶИД-и кафедра мебошанд бо маърӯза дар конфоронси илмии олимони ҷавони донишгоҳи тиббии шаҳри Ижевскии Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ баромад намуда бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Инчунин аъзоёни ҶИД кафедра ҳамасола дар олимпиадаҳои дохил ва хориҷи кишвар аз фанни физиология фаъолона иштирок мекунанд. Дар охил маърӯзаҳои илмии таҳиянамудаи 2 нафар аъзоёни ҶИД-и кафедра шунида, муҳокима карда шуд.
КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ