РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО


РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО

Бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО” санаи 2-юми декабри соли ҷорӣ дар кафедраи Фармакология бо иштироки ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯёни курси 3 – юми факултети тиббӣ чорабинӣ баргузор гардид. Зимни суханрониҳи зикр гардид, ки “тибқи таҳлили коршиносони соҳа, беш аз нисфи гирифторони бемории ВНМО тариқи сӯзандору ва қариб 30 дарсади дигар аз тариқи робитаи ҷинсӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, аммо таҳлилҳо нишон додаанд, ки хатари олудашавӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҳама соҳаҳо ва касбу кори гунонгун мавҷуд аст. Муҳимтарин мубориза бар зидди ин беморӣ агар эҳтиёткорӣ бошад, пас огоҳ будану маълумот доштан оид ба сироят ва пешгирии он маълумотнокии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои пешгирӣ аз  ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди табобати зиддиретровирусӣ аз соли 2006 оғоз гардида, он ба таври ройгон ба ниёзмандон пешкаш мешавад. Дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сиҳатии ҷомеа тадбирҳои муҳим андешида, ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Ҳатмӣ намудани ташхиси тиббӣ пеш аз никоҳ ба навхонадорон қадами устуворе аст дар роҳи муайян ва табобати ин намуди беморӣ». Чорабинӣ бо саволу ҷавобҳо байни устодон ва донишҷӯён ҷамъбаст карда шуд.


04.12.2024 234

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php