ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО/БПНМ


ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО/БПНМ

Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/БПНМ) таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд.

         Санаи 02.12.2024 дар кафедраи беҳдошт ва экология бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи эпидемиология ба номи профессор Рофиев Ҳ.Қ. чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ гузаронида шуд.

         Дар чорабинӣ ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи эпидемиология ба номи профессор Рофиев Ҳ.Қ., кафедраи беҳдошт ва экология ва доираи  донишҷӯёни  факултети тиббӣ иштирок карданд.

         Сараввал чорабиниро мудири кафедраи беҳдошт ва экология, н.и.т., дотсент Ҳасанов Ф.Ҷ.,  бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳадаф аз таҷлили ин сана огоҳ намудани ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироят аз он мебошад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сиҳатии ҷомеа тадбирҳои муҳим андешида, барои муқовимат ва пешгирӣ намудани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният барномаҳои давлатӣ ва дигар асноди ҳуқуқиро дар марҳилаҳои муайян қабулу амалӣ менамоянд

Сипас, донишҷӯёни кафедраҳои болозикр ба тариқи  презентатсия дар бораи мавзуи ВНМО/БПНМ маълумот ироа  намуданд. Дар чорабинии мазкур оид ба пахлуҳои гуногуни ин мушкилии мубрами рӯз суҳбат ва мубоҳиса шуд. Чунончи, қайд шуд, ки ВНМО вируси норасоии масъунияти одам мебошад, ки системаи иммунии одамро вайрон мекунад.Бинобар ин сабаб соли  1987, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 1-уми декабрро Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО/БПНМ эълон кард. Имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 38 миллион нафар гирифтори ВНМО ҳастанд.Ташхиси саривақтӣ, пешгирӣ ва табобат метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад.

1-уми декабр рӯзест, ки ба ҷаҳониён аҳаммияти мубориза бо ин беморӣ ва дастгирии онҳое, ки бо ин беморӣ доранд, хотиррасон мекунад.

          Дар охири чорабини бахши саволу чавоб доир ба мавзуи ВНМО/БПНМ баргузор шуд, маърӯзачиён ва фаъолон бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.

 

Усманова Г.М.-мудири кафедраи эпидемиология

ба номи профессор Рофиев Ҳ.Қ.             


04.12.2024 237

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php