ТАВСЕА ЁФТАНИ ҲАМЗИСТИИ ФАРҲАНГИ ДУНЯВӢ ВА ДИНӢ ДАР ИСЛОМ


ТАВСЕА ЁФТАНИ ҲАМЗИСТИИ ФАРҲАНГИ ДУНЯВӢ ВА ДИНӢ ДАР ИСЛОМ

Имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ консерти гурӯҳе аз санъаткорони амрикоӣ бо роҳбарии Ҷонифер Лопези 55-сола бо либоси хоси саҳнавӣ дар пойтахти Арабистон - Ар-Риёз мавриди муҳокима қарор дорад. Консерти мазкур мувофиқи баъзе маълумотҳо тавассути тамоми каналҳои арабӣ ба намоиш гузошта шудааст.

         Агарчанде ҳолати маҳкум гардидани намоиши мазкур аз тарафи қишри дингаро ва мутаассиби олами ислом ҳам ба забони арабӣ ва ҳам форсӣ бештар мушоҳида мегардад, бо вуҷуди ин, андешаи иддае аз шайхҳо ва имомони ин кишвар хеле ҷолиб аст, ки онҳо на танҳо чунин чорабиниро маҳкум намекунанд, балки онро хилофи Қуръон ва суннат низ намеҳисобанд.

         Мавзуи мазкур ҳамчунин ин ҷонибро, ки баъзан доир ба дин ва афкори динӣ тааммул менамоям, ба худ мутаваҷҷеҳ сохт. Ба андешаи ин ҷониб, мавзуи зикршуда тақозо менамояд, ки он аз се нигоҳ мавриди таҳқиқ қарор дода шавад: а) аз нигоҳи таълимоти динӣ; б) аз нигоҳи падидашиносии динӣ; в) аз нигоҳи қонуниятҳои инкишофи ҷомеа.

         Чуноне аллакай зикр гардид, қишри мутаассиб ва дингарои ҷомеа дарҳол муносибати худро дар нисбати консерти барпогардида муайян намуданд. Қишри мазкур таъкид менамоянд, ки чунин либос ва рақсу садо хилофи таълимоти ислом аст, зеро ислом сатри аврат ва парҳезгорӣ аз арзишҳои дунявии хушҳолкунандаро яке аз унсурҳои таълимоти худ қарор додааст. Дар робита ба ҳукми мазкур аз қишри мазкур, аввалан пурсида мешавад, магар пайғамбар дар Макка ва Мадина, ки дорои ду муҳити гуногуни сиёсию иҷтимоӣ барои рисолати пайғамбар буданд, фаъолият намуда, тибқи шароити ҳукмрон амал накардааст? Ба ёд бояд овард, ки ҳеҷ мусулмоне барои аз тахтапушти пайғамбар гирифтани шикамбаи шутур, ба ҷуз духтараш Фотима ҷуръат накарда буд. Яъне, пешрафтҳои иҷтимоию фарҳангӣ хоҳ-нохоҳ ифодаи худро дар муносибати субъекти эътиқод ба объекти он меёбад. Сониян, он ҳирси сарватҷӯйю дунёпарастӣ, ки дар оғози ислом дар рафтори аксари саҳобаҳо ва халифаҳои ислом ба мушоҳида мерасид (шикаст дар ҷанги Уҳуд ба сабаби беэътиноӣ ба фармудаи пайғамбар ва талош баҳри сарват рух дода буд), магар хилофи таълимоти ислом, махсусан амри қуръонӣ «Назди Худованд маҳбубтарини шумо парҳезгартарини шумо мебошад» нест? Магар ҳамин қишри дингарою мутаассиб дар ҷомеаи озоду пешрафтаи имрӯза зиста, зимни рӯбарӯ шудан бо номаҳрамон чашмони худро мепӯшанд, чуноне ки ҳукми ояти 30 аз сураи «Нур» инро тақозо менамояд? Агар не, пас, байни мусулмонони дунявию кишри мутаассиб чӣ тафовуте вуҷуд дорад? Ҳамчунин, қишри номбурда то ба кадом андоза ҳукми оятҳои 64:15, 8:28, 9:24 ва ғайраро дар зиндагии хеш ба роҳбарӣ мегиранд? Ҳам имрӯз ва ҳам дар оғози ислом ба инобат гирифта нашудани ҳукми оятҳои зикршуда магар зери таъсири шароитҳои нави ҳаётӣ ва эҳтиёҷоти баланд ва ногузири мардум сурат нагирифтааст? Оё қишри мутаассиб боре таваҷҷуҳ намудаанд, ки бо истифодаи васеи дастовардҳои илму технологияи ҷадид, ки аксаран маҳсули тафаккури Ғарб аст, тарзи ҳаёти худи онҳо беш аз пеш либоси дунявӣ касб намуда, ҳамзамон аз ташаккули фарҳанги нави исломии ғарббунёд дарак дода истодааст?

         Бидуни тардид зимни ҷавоб ба саволҳои мазкур тамоми дингароёни мутаассиб бидуни истисно сари худро хам менамоянд, зеро дар тамоми марҳилаҳои рушди ҷомеа инсони соҳибақл баъд аз қонеъ гардонидани талаботҳои моддии худ ба қонеъ гардонидани талаботҳои маънавии худ даст задаст, ки ин ҷо қишри номбурда истисно нестанд. Дуруст аст, ки талаботи маънавиро бо дигар роҳ низ қонеъ сохтан мумкин аст, аммо чуноне ки олами моддӣ беохир аст, олами маънавии инсон низ беохир буда, пайваста дар пайи гуногунрангист. Якрангӣ моҳиятан дилгиркунанда буда, хилофи табиати инсони ҷуёю пӯё аст, ки албатта, табиати қишри мутаассиб ва дингаро истисно нест. Бе шак худи қишри мазкур дар тӯли таърих пайваста бо роҳҳои мухталиф дар пайи қонеъгардонии талаботҳои моддию маънавии худ будаанд. Гуфтаи Ҳофизи ҳақиқатгӯ маънии баёншударо аллакай дар асрҳои миёна хеле зебо собит менамояд:

         Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

         Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

        Аз ин нуқтаи назар, маҳфили санъаткорони мумтозро ҳатто дар қалби Арабистон низ бояд ҳамчун талаботи муҳити нави фарҳангӣ, маҳсули завқи эстетикии замони нав ва ифодаи олами зебошиносии инсони асри XXI маррифӣ намуда, кӯшиши фаҳшҷӯйиро бояд дар канор гузошт, зеро на санъаткорон ва на иштирокчиёни маҳфил тамошои фаҳшро ҳадаф қарор надодаанд.

         Маҳфили суратгирифта ва андешаҳои гуногуни вобаста ба он баёнгардида, тақозо менамояд, ки ба мавзуъ аз мавқеи падидашиносии динӣ низ назар андохта шавад. Дар оғоз бояд қайд намуд, ки консерти мазкур мавқеи ин ҷонибро дар хусуси ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ ҳамчун маҳсули таҳаввули мундариҷаи мафҳуми дунявият ва андешаҳои инҷонибро дар хусуси тағйирёбии мундариҷаи мафҳумҳои «дин» ва диндорӣ» дар зери таъсири равандҳои дунявӣ пурра собит менамояд. Воқеан ҳам, ҳангоме ба лаҳазаҳои мухталифи консерти мазкур, ки дар сомонаҳои интернетӣ пахш гардидаанд, таваҷҷуҳ менамоем, мо мушоҳида менамоем, ки тамошобинон ҳама мусулмон буда, аз рақсу мусиқиҳои дилнишин ба ваҷд омада, ҳамагӣ рақсида истодаанд. Чизе, ки беш аз ҳама ҷолиб ва ҳайратовар аст, бо либоси динӣ шодию хурсандӣ намуда, рақсидани занҳост. Яъне, бо риояи сатр, ҳатто бо пӯшидани тамоми рӯй ба ҷуз чашм иддае аз занҳо аз садою оҳангҳои ҷаззоб завқ бурда, бо дастҳои боло дар рақсу садои сарояндаҳо ва тамошобинони мард ширкат карда истодаанд. Ҷойи шубҳае нест, ки зимни иҷрои аъмоли зикршуда дар зеҳни ҳеҷ яке аз онҳо масъалаи мамнуоти исломӣ пеш намеояд. Ҳама якдилона аз санъати баланд завқ бурда, талаботи зебошиносии худро қонеъ мегардонанд. Қонеъ гардонидани талаботи зебошиносии зану марди мусулмон дар заминаи санъати баланди рақсию садои фораму дилнишин ва оҳангҳои ҷаззоб сурат гирифта, лаҳзае талаботи диниро ба ҳошия мегузорад ва бо ин иқдом ба як ҳамқадамию ҳамдилӣ ба фарҳанги пешрафта ишора менамояд. Зеро рушди ҳамагонӣ ва назарраси санъат ва фарҳанги воло мундариҷа, сифат ва вижагиҳои имонро низ тағйир додаст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки зани мусулмони сатрпӯш тамошои чунин барномаро чун ҷузъи ҳаёти маънавии инсони муосир пазируфта, аз он лаззати эстетикӣ бурдааст ва ҳамзамон, дар сифати имони худ халалеро дарк накардааст. Баръакс, қаду қомат ва чеҳраи зебои зани 55-сола, ки 25 ё 30-сола ба назар мерасад, эҳтимол дар зеҳни бархе аз мусулмонон эҳсоси рафоқат, дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамдилӣ ва амсоли инро тавлид сохта бошад, зеро камолот ва ҳадди баланду олии ҳолат чизест, ки ба сӯйи он табиатан тамоми мавҷуди соҳибақл саъй менамояд. Дар чунин ҳолатҳо дину диндорӣ ва ҳатто имон ба сабаби таъсир ва нақши афзалиятноки манфиатҳои заминӣ ва хоҳишҳои дунявӣ тағйири сифат намуда, ба муҳити нав мутобиқ мегарданд.

         Ҳолати баёншуда бешак татбиқ гардидан ва ба зоҳир расидани қонунияти инкишофи ҷомеаро низ нишон медиҳад, ки мо онро ба сифати нигоҳи сеюм қайд карда будем. Моҳияти нигоҳи мазкур дар он ифода меёбад, ки пешрафти ҷомеа раванди ногузир буда, дар пайи худ рушду инкишофро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа - ҳам моддию ҳам маънавӣ тақозо менамояд. Андешаи марксистии «Ҳастии ҷамъиятӣ шуури ҷамъиятиро муайян менамояд» бори дигар ҳақиқати худро ба маъраз гузошта, ба сатҳи рушди моддии ҷомеа мутобиқ гардидани шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, алалхусус шуури эстетикӣ ва диниро амалан нишон дода истодааст.Ба таври мисол, агар боре ҳуқуқу озодиҳои мусулмонон, махсусан занонро дар кишварҳои мусулмоннишин дар ҳудуди чор-панҷ даҳсолаи охир мавриди таҳқиқ қарор диҳем, мо як пешрафти ғайричашмдоштро мушоҳида менамоем. Мо мебинем, ки маҳдудиятҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои занон ва мавқеи пасту нақши ноайёни онҳо дар пешрафти ҷомеа, ки аз ҷомеаи феодалии асримиёнагӣ ба мерос монда буданду то ба имрӯз ба чашм мерасиданд, тадриҷан барканор шуда истодаанду зан ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа пазируфта шуда истодааст. Чунин ҳолат аввалан дар кишварҳои пешрафтаи Ғарб ба вуқуъ пайвастанду тадриҷан ба кишварҳои қафомонда интиқол ёфта истодааст. Яъне раванди мазкур қонунӣ ва ногузирии худро собит намуда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тағйиру пешрафтҳо дар ҳаёти моддию маънавии аҳли ҷомеа новобаста аз эътиқоди онҳо таҳаққуқ хоҳад пазируфт.

         Хулоса, ба рӯйдоди фарҳангии мазкур на аз мавқеи ҷаҳонбинии танги асримиёнагӣ, на аз нигоҳи тафаккури шахшудамондаи орӣ аз завқи эстетикӣ, на бо биниши чашми нодида ва фаҳшҷӯ, балки бо ҷаҳонбинии васеи пешрафтаи имрӯза, бо нигоҳи тафаккури созандаю пайваста таҳаввулёбанда, бо биниши чашму қалби зебопарасту санъатпарвар назар андозхта, бояд баҳогузорӣ намуд. Танҳо дар чунин ҳол дар рафтору кирдори мусулмонон исломеро хоҳем дид, ки саршори вижагиҳои ақлонӣ буда, ҳамқадами замон аст ва ҳама гуна таассубу ифротро саркӯб намуда, берун аз дину ақл маҳсуб медонад.

 

Абдухалилзода К. А.-дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


03.12.2024 240

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php