РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, миллати тоҷик бо раҳнамоии сарвари оқилу хирадмад ва дурандеши худ тавонист дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.
Соҳаи сайёҳӣ аз соҳаҳои асосии рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиро ривоҷу равнақ медиҳад. Тоҷикистон макони биҳиштосо, зебоманзар, дилфиреб, ки дорои табиати нотакрор ва мероси густурдаи фарҳангиву таърихӣ буда, бо манзараҳои гуногуни табиӣ ва мавқеъи мусоиди ҷуғрофиаш таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб сохтааст. Ҳудуди Тоҷикистон аз замонҳои қадим дар масирҳои муҳими таърихии Роҳи бузурги Абрешим, масири пайвасткунандаи Шарқу Ғарб ҷойгир шуда, таъриху фарҳанги куҳан, мардуми тамаддунофар, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозию шаҳрдорӣ, ҳунармандии тоҷикон ба мисли Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва амсоли инҳо дар ҷаҳон шуҳратёр гардидааст.
Ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат қарор гирифта, мавзуи танзими ин соҳа ба зиммаи якчанд мақомотҳои дахлдор аз ҷумла; аз соли 1992 Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1994 Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сайёҳӣ “Тоҷиктуризм”, аз соли 1997 Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сайёҳӣ “Сайёҳ” баъдан соли 2006 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вогузор шуда буд.
Рушди сайёҳӣ дар дилхоҳ давлат бо таъмини заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди таҳкурсии конунгузорӣ вобастагӣ дорад. Дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳои ҳуқуқӣ низ муҳайё карда шудаанд. Дар Тоҷикистон барои танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии ин соҳа якчанд стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» соли 1999, «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешаванд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи ҳар фарди бедордил ба шумор рафта, барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳи ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ташкил ва рушди соҳаи сайёҳиро дастгирӣ намуда, таъмини шароити баробар ва рақобатпазирро дар фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дастрасии онҳоро ба захираҳои сайёҳӣ кафолат медиҳад. Соли 2017 бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, ниҳоди мустақил — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Инчунин баҳри фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ва омода кардани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ таъсис дода шуд.
Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гашта, дар радабандӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Тибқи назарсанҷиҳои созмонҳои бонуфуз ва расонаҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ба феҳристи 50 кишвари хориҷӣ барои сайёҳони Русия маъруфтарин шомил шуда, дар миёни 10 минтақаи беҳтарин барои саёҳат ва сайру саёҳат дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро касб карда, ба 10 роҳи зеботарини дунё ворид намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯйи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ ворид шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми соддаи пешниҳоди раводид дохил шудани ҷумҳурӣ далели дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ мебошанд.
Тибқи муқаррароти санадҳо ва консепсияи қабулшуда дар ҷумҳурии мо намудҳои саёҳати кӯҳнавардӣ, варзишӣ, кӯҳию экологӣ самтҳои афзалиятнок эълон шудаанд. Ҳамасола, ба Тоҷикистони азиз мо ҳазорҳо саёҳони кишварҳои ҷаҳон ташриф оварда аз ин табиати зебо дидан мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба Тоҷикистон 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварда, аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 19,1 фоиз зиёд мебошад. То имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ба Тоҷикистон ворид шуда, ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Ӯзбекистон бо 205,1 ҳазор нафар, Русия бо 31,9 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 7,1 ҳазор нафар, Чин бо 2,8 ҳазор нафар ва Туркия бо 2,5 ҳазор нафар ворид шуда, инчунин шумораи умумии санадҳои ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ба имзорасида 20 ададро ташкил медиҳад. Шоёни зикр аст, ки дар қатори мавзеҳои таърихиву сайёҳии мамлакат шаҳри Душанбе низ имрӯзҳо ба як макони дилбанду тамошогоҳ табдил ёфта, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ инфрасохтори соҳаи сайёҳии пойтахти мамлакат рушд ёфта, дар пешрафту муаррифии шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз бо назардошти имконият ва муваффақият доир ба рушди сайёҳӣ шаҳри Душанбе солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дар соли 2021 ба сифати «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» пазируфта шуд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, обҳои ширину шифобахш, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам камназир ва макони сайру саёҳат шинохта шудааст. Солҳои охир ин самти муҳими стратегӣ босуръат рушд карда, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, обрӯю эътибори хоссаро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб гардидааст. Рушди ин соҳа омили муҳими муаррифии чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад. Аз ин ру, ҳар фарди ватандӯсту хештаншиноси кишварро зарур аст, ки барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Тоҷикистони азизамон кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд
Амроев У.М, Одилов Ф. Р,
Назаров Ш.С- омӯзгорони кафедраи
фанҳои ҷомеашиносӣ