НОМИ ХУД ЗИННАТИ ТАЪРИХ ЧУ МАРДОН КАРДЕД...


НОМИ ХУД ЗИННАТИ ТАЪРИХ ЧУ МАРДОН КАРДЕД...

Зиндагиномаи пур аз баракати дилдодаи илми тибби тоҷик, табиби ҳозиқ, педагоги нуқтасанҷ ва модари мушфиқу меҳрубон, табиби тахассуси дараҷаи олӣ, аълочии ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аълочии тандурустии Тоҷикистон, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Сироҷиддинова Умринисо Юсуфовна барои кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ибратомӯз буда, шамъи равшанеро мемонад, ки роҳи торикро ба сӯйи ояндаи дурахшон нурпошӣ менамояд. Устоди устодон, профессор Умринисо Юсуфовнаро бе муболиға яке аз асосгузорони илми фтизиатрия номидан мумкин аст, зеро ин олимаи некбин аллакай мактаби худро кайҳо боз бунёд гузоштааст. Бо шукригузорӣ аз сулҳу ваҳдати комили миллӣ ва эҳтирому садоқати шогирдон нисбати муаллима, имрӯзҳо низ зери роҳбарии Умринисо Юсуфовна унвонҷӯёну аспирантҳо дар соҳаи фтизиатрия рисолаҳои номзадию доктории худро ҳимоя менамоянд. Маҳз муаллима дар дили ҳар як корманди кафедра тухми меҳру муҳаббат ба тиб ва роҳҳои тадқиқоти онро кошта буданд.     Банда низ зери ҳимояти устоди кордон Сироҷиддинова У. Ю ва шогирди сазовори ӯ, доктори илмҳои тиб, профессор Бобохоҷаев О. И. рисолаи илмиро таълиф намуда, моҳе пеш онро дифоъ намудам. Тадқиқоти илмӣ дар кафедраи фитизиопулмонология аз баракати олимаи кордону ҳақбин Умринисо Юсуфовна ба тариқи аз устод ба шогирд пеш рафта истодааст. Насиҳатҳои муаллима ба шогирдон доимо зери андарзҳои бузургтарин адиби амрикоӣ дар садаи ХХ Эрнест Хэмингуй -“Навиштан?-Кори осон аст: пеши мошинаи чопкунӣ мешинию оғоз мекунӣ ба рехтани хуни дил” идома меёбанд. Албатта, ин гуфтаҳои олими амрикоиро сармашқи кори хеш қарор додани олимаи варзидаи тоҷик Умринисо Юсуфовна ҳам маънои зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ дорад. Дар зери ин маҳфум муаллима ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ ба илми тоҷик хиёнат накардаст ва наҳоҳад кард. Илмро ӯ дар рехтани хуни дил ва расидан ба мақсад маънидод мекунад. Иқтибоси зерини ин адиби бузурги олами Ғарб низ ба чунин шахсиятҳои муътабар чун Умринисо Юсуфовна бахшида шудаанд, ки фармудааст: “Асрори пешравӣ оддист: ҳаргиз дилмонда нашавед. Ҳеҷ гоҳ дилмонда нашавед.....аз одамон! ”

Муаллима ҳаргиз аз одам, минҷумла аз шогирдонаш дилмонда нест, зеро дар ин синни муборак кор кардан дар байни шогирдон далели гуфтаҳои болост.

Сироҷиддинова Умринисо Юсуфовна 9-уми марти соли 1940 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми Донишкадаи тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) дар соли 1963 ба ҳайси табиб-фитизиатри минтақавии дармонгоҳи шаҳри Душанбе фаъолияти меҳантии худро оғоз бахшида, сипас ба ҷодаи илм қадам гузоштанд. Солҳои 1964-1966 ординатори кафедраи сили кӯдакони донишкадаи мазкур ва солҳои 1966-1971 мудири шуъбаи Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Душанбе кору фаъолият пеш бурданд. Аз аввали солҳои 70-уми асри гузашта ба таълиму тарбияи мутахассисони ояндадори соҳаи тандурустии мамлакат шурӯъ намуда, аввал ассистент, сипас дар солҳои гуногун ба сифати дотсент (1984-1987), профессор ва солҳои дароз мудири кафедраи фтизиатрия (1987-2014) содиқона хизмат мекарданд.

Хизматҳои шоситаи Умринисо Юсуфовна   ба назар гирифта шуда, сазовори медали “Барои меҳнати шоён”, ордени “Шараф” дараҷаи 2 ва медали тиллоии “Авитсенна” дониста шуданд.

Бахшида ба 85-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Умринисо Юсуфовна ҳамчун фарзанди сазовори ин боргоҳи маърифат ва вориси арзандаи Синои бузург бо Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ бо медали ҷашнии “Сино” дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи фтизиопулмонология муаллимаи олиқадрро барои сазовор гардидан ба медали ҷашнӣ сидқан табрику муборакбод намуда, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом ва умри дарози босаодатро таманно менамоянд.

 

Лаълбегим Укуматшоева –муаллимаи калони кафедраи фтизиопулмонология


03.12.2024 220

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php