КОРРУПСИЯРО РЕШАКАН БОЯД КАРД


КОРРУПСИЯРО РЕШАКАН БОЯД КАРД

Коррупсия   ҳамчун падидаи манфӣ дар таърихи одамият мавҷуд буда, дар тамоми давру замонҳо, мардум ин амалро маҳкум мекарданд. Аз замонҳои қадим, истилоҳи «коррупсия» ба маънии фасод, вайронкунӣ ва зараррасонӣ истифода мешуд. Аз ин рӯ одамон, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, ҳамеша ба ҷониби ҷомеа маҳкум мегардиданд. Яке аз таърифҳои маъруфи коррупсия, ки аз ҷониби Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, ин аст: «Коррупсия — сӯистифода аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ».

Мубориза бо коррупсия имрӯзҳо як самти муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳо шудааст. Нафаре нест, ки бо ин мушкилот рӯбарӯ нашуда бошад. Коррупсия дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун як ҷинояти вазнин ва хатари ҷиддӣ барои амнияти миллӣ ва рушди иқтисоди давлатӣ эътироф шудааст. Вай боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба давлат, халалдор шудани рушди иқтисод, ва заифшавии ҷомеаи демократӣ мегардад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, коррупсия ба пешрафти иқтисод ва рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад. Президент таъкид карданд, ки коррупсия на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба риояи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва ахлоқи ҷомеа низ зарар мерасонад.

Аз лаҳзаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвар ба аҳамияти мубориза бо коррупсия ва бартараф кардани ин падидаи манфӣ пай бурда, онро ҳамчун як самти асосии сиёсати давлатӣ қабул кардааст. Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки барои таъмини рушди устувор ва демократикунонии ҷомеа, мубориза бо коррупсияро як ҳадафи стратегии худ қарор диҳад. Коррупсия ба тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъияти ба манфиати гуруҳҳои хурд аз ҳисоби табақаҳои таҳкиршудаи аҳоли бо шиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иктисодии аҳолӣ, қашшоқ гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии иҷтимоӣ дар давлат мусоидат мекунад.  Воқеан давоми даҳсолаҳои охир бинобар хусусияти фарогир пайдо намуданаш, мубориза бо коррупсия ба яке аз масъалаҳои дар мадди аввал баррасишавандаи кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

 Дарки хатари коррупсия ва оқибатҳои манфӣ доштани он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, зарурат пайдо гардид, ки дар ин самт санади байналмилалӣ қабул карда шавад, то ки он тавонад давлатҳоро атрофи ин масъала муттаҳид намуда, ба мубориза бар зидди коррупсия мақоми байналмилалӣ ва умумиҷаҳонӣ дода шавад.

 Бо назардошти гуфтаҳои болозикр 31 октябри соли 2003 дар сессияи 58-уми Асамблеяи генералии СММ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ баргузор карда шуд.

 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан дар Конфронси зикргардида қайд намудааст, ки : “Коррупсия як вабои мудҳишест, ки ба зиёд шудани камбизоатӣ дар бисёр кишварҳо мусоидат мекунад ва ба ҳамаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳеҷ як кишвар на сарватманд ва на камбағал аз ин падидаи манфӣ эмин нест. Коррупсия метавонад ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам дар бахши хусусӣ таъсири худро расонад, ки дар он ҳамеша ҷамъият зарар мебинад. Имзо шудани Конвенсияи мазкур ғалабаи калони мо дар мубориза ба муқобили ин бадӣ мебошад.

 Дар ин раванд Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифт, ки бо мақсади оммавигардонии мубориза бар зидди коррупсия ва ба хотири қабули Конвенсия, ки дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар миқёси ҷаҳон нақши калидӣ пайдо намуд, 9 декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” таҷлил карда шавад.

Ҷобирова Ҷамила Мирзовалиевна

-ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист


03.12.2024 242

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php