МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ КОРИ ДАСТҶАМЪИСТ
Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмиллалӣ дошта, сарҳад надорад. Худи террорист бошад Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон ба воҳима ва таҳлука овардани одамон буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.
Дар асоси қабули санадҳои байналмиллалӣ ва таҷрибаи амалҳои руҳдода инчунин, бодарназардошти фикру ақидаҳои олимон ва ҷудо намудани мафҳумҳои “акти террористӣ” аз терроризм ва муайян намудани худи мафҳуми терроризм ва ба ҷамъият хафнокии он” дар боби 21 кодекси амалкунандаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои “Терроризм” дар моддаи 179 муқаррар карда шудааст.
Мафҳуми эктремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсиони дар давлати ғазби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезондани нажодпарастӣ миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ – мазҳабӣ мебошад. Экстремизм ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идиологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ ва мазҳабҳои диннӣ таъсир мерасонанд.
Экстремизм ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хафнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсонияти, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаи иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.
Донишмандон таъкид менамоянд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар домонпаҳнкунии эктремизм ва терроризм дар ҷаҳонӣ Ислом даст доранду бо ин роҳ ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии худро пиёда месозанд. Ҳоло доираи тафриқа ва парокандагӣ домангири давлат ва минтақаҳои мусулмоннишин гашта, андешаҳои тундрав ва идиологияҳои ба ислом бегона, вале бо ном исломӣ, боиси пора-пора гаштани мусалмон ва ба фирқаву гурӯҳҳои ба ҳамдушман табдил ёфтани онҳо шудааст. Як гурӯҳ гурӯҳи дигарро кофир мехонанд. Ҳаммиллате бар зидди ҳаммиллати худмеҷангад. Гурӯҳҳои тундрав зери ниқоби ислом ба бадтарин аъмал, аз ҷумла бераҳмона сар буридани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мусалмон, ғулом намудани занону кудакон, таллаву тароз намудани мардум, аз номи Ислом гумроҳ кардани ҷавонон ва садҳову ҳазорҳо беадолатиҳои дигар даст мезананд. Таҳмилгарои вазъияти баамал омадаро хатарнок дониста, бар он назоранд, ки танҳо истифода аз иқдомҳои низомию амнияти роҳи ҳалли ин масъалаҳо омухта шаванд.
Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар монадааст, худро эмин нигоҳ дорем. Чи тавре ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештанштносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад. Аз ин рӯ суханҳои пешвои миллат хеле ҷоннок аст, ки гуфта шудааст.
“Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии ҳифзҳои ҳуқуқӣ ва қудрати бошад ҳам, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон ва аҳолии ҷаҳон зарур аст” .
Тағойқулов Э.Х. -мудири кафедраи анатомияи паталогӣ
Болтуев О.И. -омӯзгори кафедраи анатомияи
паталогӣ