РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ АСАБШИНОСОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД


РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ АСАБШИНОСОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Рӯзи 1-уми декабр ҳамасола рӯзи байналмилаии асабшиносон қайд карда мешавад. Асабшиносӣ яке аз қисматҳои муҳими тиб ба ҳисоб меравад. Асабшиносӣ на танҳо аломатҳои беморӣ, механизмхои асосии инкишофи бемориро, балки усулҳо ва тарзи ташхисгузорӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои хусусияти асабидоштаро низ меомӯзонад. Бахшида ба иди касбӣ ассистенти собиқадори кафедра Шарофиддинов И.А. барои аҳли кормандони кафедра, духтурон, интерна ва ординаторони клиникӣ чорабинии ҷашнӣ-тарбиявӣ гузарониданд, ки барои рушди малакаи касбии табибони ҷавон нақши муассир гузошт. Маърӯзачиён дар бораи таърихи асабшиносӣ дар Ҷумҳурии Точикистон ва саҳми олимону табибони тоҷик дар пешрафти илми тиб, хусусан бахши асабшиносӣ изҳори назар карданд.

Рӯзи асабшиносон ба рӯзи чаҳонии мубориза бар зидди ВНМО рост омадааст, ки атрофи масъалаи мазкур низ дар чорабинӣ маълумотҳои муфид ироа карда шуд. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон соле як рӯз – аввали моҳи декабрро чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ин фалокати қарн таъин шудааст, то ҳамагон эътироз кунанд: Нест бод ВНМО! Беморие, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд.


02.12.2024 241

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php