БО ВНМО БОЯД МУБОРИЗА БУРД
Ҳамасола 1-уми декабр дар сартосари дунё Рӯзи мубориза бар зидди ВНМО/СПИД қайд карда мешавад. Ба ин хотир дар МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” низ чорабиниҳои зиёди ташвиқотию тарғиботӣ рӯи даст гирифта шуда, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда мешаванд.
Санаи 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори лексионии ба номи профессор Ю. Б. Исҳоқӣ бо ибтикори омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ барои донишҷӯёни факултети тиббӣ семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар баробари омӯзгорон донишҷӯён низ атрофи роҳҳои пешгирии бемории мазкур ва тарзи бархурд бо мубталоёни касалии болозикр маърӯзаҳои илмӣ-оммавӣ пешниҳод намуданд. Зимни маърӯзаҳо зикр гардид, ки саломатии инсон дар дасти худи ӯ буда, пешгирӣ аз табобат бартияти васеътар дорад.
Хотиррасон бояд кард, ки дар дигар кафедраҳои Донишгоҳ низ чунин чорабиниҳо гузаронида шуда, бо маром ҷараён доранд.