ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН ПОЯНДА БОД!


ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН ПОЯНДА БОД!

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда, дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байнамилалӣ сиёсати сулҳпарваронаро пеш мебарад. Маҳз чунин сиёсати пешгирифта даст дод, ки имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва сафоратҳои зиёди давлатҳои хориҷӣ дар кишвари мо фаъолият доранд.

Яке аз давлатҳои дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Ҷуумҳурии Ҳиндустон мебошад, ки муносибаҳи дипломатиашро аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда, дари сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ташрифоти чандкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон ва чандин мулоқотҳои сатҳи олии байни ҳукуматҳои ҳар ду ҷониб далели ин гуфтаҳо шуда метавонад.

Имрӯзҳо шаҳрвандони кишвари Ҳиндустон дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил карда истодаанд, ки аз муносибатҳои неки ҳар ду давлат гувоҳӣ медиҳад. Донишҷӯёни хориҷӣ-шаҳрвандони Ҳиндустон дар рушди муносибатҳои минбаъдаи ду давлат метавонанд нақши муассир гузоранд.

Дар доираи чунин муносибатҳои неки дӯстӣ санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, сеюмин “Дави дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 500 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ-шаҳрвандони Ҳиндустон фаъолона ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки муносибати наздики Тоҷикистону Ҳиндустон ва эҳтироми байниҳамдигарии шаҳрвандони ду кишвар дар ашъори Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, академик Мирзо Турсунзода бараъло эҳсос мегардад. Дар симои шоирони бузурги форсизабон Устод Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, Абдулқодири Бедил ва Зебуниссо фарҳангу адабиёти муштарак дида мешавад, ки аз ориёитабор будани ду миллати куҳанбунёд дарак медиҳад.


30.11.2024 243

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php