РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР


РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Таҳлил ва таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти худ алайҳи экстремизм ва терроризм муқовимат намуда, барои таъмини амнияти маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа талош менамоянд.

         Мақсад ва ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти маънавӣ ва бехатарии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини якпорчагии кишвар ва муқовимат алайҳи терроризм ва экстремизм нигаронда шуда, дар ин замина як қаттор барнома, таълимот ва қонунҳои дахлдор қабул намудааст. Маҳз бо шарофати ин чорабиниҳо амнияти зеҳнӣ, маънавиёт, ахлоқи ҷомеа, соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, забони тоҷикӣва тафаккуру андешаи миллӣ аз осебпазирӣ ва таҳдиду хатарҳои ташкилотҳои террористии байналхалқӣ маҳфуз монда, дар фазои озоду ором равнақ ёфта истодаанд

         Боиси таассуф аст, ки ҳамарӯза аз тариқи воситаҳои ахбори омма мешунавем, ки дар ин ё он давлат амали террористие рух додаасту теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, бахусус кӯдакону ҷавонон қурбонӣ шудаанд. Бояд дар ёд дошта бошем, ки экстремизм ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд. Барои мубориза бурдан бо ин падидаҳои зишт бетараф будан кори инсонӣ нест. Шояд аксарият гумон кунанд, ки танҳо мубориза бурдан бо падидаҳои мазкур ин салоҳияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, аз як ҷиҳат ин дуруст бошад ҳам, вале мо бояд баҳри дифои ҳуқуқу озодиҳоихуд, ба зидди ин падидаи зишт бароему худро дар гулгулшукуфоӣ ва амну сулҳи кишвар масъул ҳисобида бетарафиро ихтиёр накунем.

         Чи тавре маълум аст, терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст.

         Дар самти муборизаи самаранок ба зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ дар марҳилаи муосир, ташкили маркази маишии кӯдакон, ҷавонон, варзишгоҳҳо зарур аст, чунки ҳадаф ва вазифаҳои онҳо бояд ба эҳёи фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, фаъолияти хайриявӣ ва рушди намудҳои гуногуни варзиш равона карда шуда бошанд, хеле муҳимм аст.

         Яке аз чораҳои муассири мубориза бо экстремизм дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва тарғиби идеологияи миллӣ мебошад. Бо ин мақсад, нақши васоити ахбори омма дар санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба таври возеҳ муайян шудааст. Ҳангоме ки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ба паҳн кардани адабиёт ва ҷалби аъзоёни нав – аз хонандагони мактаб то насли ба камолот расидаи шаҳрвандон шуруъ мекунад ин асоси муборизаи беамони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат бар зидди ин зуҳурот хоҳад гашт.

         Зарур аст, ки дар масъалаи пешгирию мубориза бо экстремизм ва терроризм институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоатҳои илмӣ, таълимӣ, ва ВАО нақши фаъол дошта бошанд. Олимону зиёиён ба воситаи тадқиқу пажӯҳиши худ оиди пешгирию муборизаи идеологияи экстремистӣ, шаклу воситаҳои нави пешгирии итилоотии терроризм ба сохторҳои давлатӣ ёри расонанд ва мусоидат намоянд, ки сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо ин вабоӣ хатарноки замони муосир муваффақ шаванд.

Назаров Ш.С.-

муаллими калони кафедраи

фанҳои ҷомеашиносӣ


20.11.2024 270

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php