ХАТМИ НАВБАТИИ ШУНАВАНДАГОИ КУРСҲОИ БОЗОМӮЗИИ КАСБИИ МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ БАЪДИДИПЛОМӢ
Яке аз самтҳои фаъолияти Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ ин вобаста ба талаботҳои муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, тайёр намудани табибони соҳаи гуногун тавассути таҳсил дар курсҳои бозомӯзии касбӣ мебошад. Курсҳои бозомӯзии касбӣ тибқи талабот аз 476 то 1440 соатро дарбар гирифта, дар назди кафедраҳои Донишгоҳ аз рӯи барномаи таълимии тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
Дар мувофиқа бо раёсати Донишгоҳ имтиҳони хатми курсҳои бозомӯзии касбӣ аз се марҳила иборат мебошад, аз ҷумла, марҳилаи якум имтиҳон аз малакаҳои амалӣ, марҳилаи дуюм - имтиҳони тестӣ ва марҳилаи сеюм - имтиҳони шифоҳӣ. Имтиҳони малакаҳои амалӣ дар маркази омӯзиши симулятсиоӣ ва ҳуҷраҳои ташхисии маркази ташхисию табобатӣ гузаронида мешавад. Ҳафтаи равон имтиҳони хатми курсҳои бозомӯзии касбӣ аз рӯи барномаи “фтизиатрия”, “эндоурология”, “ревматология” ва “ташхиси ултрасадоӣ” тибқи тартиби нав баргузор гардид. Ҳамагӣ 16 нафар шунавандагон имтиҳонро бомуваффвқият супорида, барои кор ба муассисаҳои табобатӣ равон карда шуданд.